Шумо дар ин ҷо

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳангию маърифатии «Томирис»

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳангию маърифатии «Томирис» 14 декабри соли 2011 чун Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳангию маърифатӣ барои духтарон «Томирис» ба қайд гирифта шудааст.

 Моҳи апрели соли 2015 ташкилот бо номи Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Маркази фарҳангию маърифатии «Томирис» таҳти № 1663 дар Вазорати адлияи ҶТ аз нав ба қайд гирифта шудааст.

Вазифаи ташкилот мусоидат ба такмилдиҳии донишу малакаҳои   ҳуқуқӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, тиббӣ ва экологии ҷавондухтарону ҷавонписарон ва наврасон, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо дар ҷомеа аст.

Минтақаи фарогирии фаъолият – Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Директори ташкилот – Ҷумъаева Раъно Ғуломҷоновна.

Аз соли 2017 ташкилот узви Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон аст.

Дар давраи фаъолияти худ ташкилот лоиҳаву барномаҳои зиёдеро амалӣ гардонидааст. Аз ҷумла:

– Июл – октябри с. 2015. Лоиҳаи шариконаи миёнамарзии «Ба воқеа бо чашми ҳамсояатон  нигаристан» бо дастгирии молиявии UNOPC  ва UNAOC. Дар шарикӣ бо Раёсат оид ба корҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суѓд, шуъбаи маориф ва ҳукумати шаҳри Исфара (Тоҷикистон), Бунёди ҷамъиятии «Стимул» ва Бунёди ҷамъиятии «Инсанлейлек»-и вилояти Боткени Ҷумҳурии Ќирѓизистон амалӣ гаштааст.

– Марти с. 2017. Баргузории тренинги ТТМ (тренер тренерро меомўзад) ва хизматрасонии логистикӣ тибқи лоиҳаи «Пешгирии нашъамандӣ дар байни бачаҳои кўча»-и ТҶ «Мактаби ихтиёриён»  (30 кўдак фаро гирифта шудааст). Дар ноҳияи Бохтар ва ноҳияҳои наздики он.

– Сентябри с. 2017. Хизматрасонӣ дар мавриди баргузории тренинги чаҳоррўза барои кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (125 нафар корманд фаро гирифта шудааст). Дар шаҳри Душанбе.

– Октябр – ноябри с. 2017. Оид ба баргузории 5 тренинги дурўза барои кормандони Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ҳукуматҳо ва ширкатҳо дар доираи лоиҳаи «Ҷорӣ намудани харидҳои электронӣ бо мақсади пешгирии коррупсия», ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблаѓгузорӣ шудааст, хизмат расонида шудааст. (600 нафар фаро гирифта шудааст, Дар ҳар омўзиш 120-нафарӣ иштирок намуданд)).

– Июл – декабри с. 2018. Лоиҳаи «Маркази таҳсилоти ҷавонон ва ҷомеаи маҳаллӣ. Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон. Дар шаҳрҳои Бохтар ва Норак.

Маълумот барои тамос бо Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Маркази фарҳангию  маърифатии «Томирис»:

Телефонҳои идора: (+992) 37 883 3630,

Ҷумъаева Раъно – директор. Моб.: (+992) 988 160 444

Нурматова Мавлуда – муҳосиб. Моб.: (+992) 915 322 444

Нишонии почта ва индекс:

735140, вилояти Хатлон, ш. Бохтар, кўчаи Логинов, 46.

e-mail: ngotomiris@mail.ru; rano.dgymaeva@mail.ru

Top