Шумо дар ин ҷо

Таҳсилоти босифат дар тӯли ҳаёт барои ҳама. Душанбе – 2018

ҲАДАФҲО ДАР СОҲАИ РУШДИ УСТУВОР 2016 – 2030

Ҳадафи 1. Барҳам додани ҳама гуна шакли камбизоатӣ дар ҳама ҷо
Ҳадафи 2. Барҳам додани гуруснагӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳбуди ғизо ва мусоидат ба рушди устувори кишоварзӣ

Ҳадафи 3. Таъмини тарзи солими ҳаёт ва мусоидат ба некуаҳволии ҳама дар ҳар синн
Ҳадафи 4. Таъмини таҳсилоти босифати фарогиру одилона ва мусоидат ба имконоти омўзиш дар тўли ҳаёт барои ҳама
Ҳадафи 5. Таъмини баробарии гендерӣ ва тавсеаи ҳуқуқу имконоти ҳамаи занону духтарон
Ҳадафи 6. Таъмини мавҷудият ва истифодаи оқилонаи захираҳои об ва беҳдошт барои ҳама
Ҳадафи 7. Таъмини дастрасӣ ба неруи арзон, эътимоднок, устувор ва муосири барқ барои ҳама
Ҳадафи 8. Мусоидат ба рушди доимӣ, фарогир ва устувори иқтисодӣ, шуғли комилу самарабахш ва кори шоиста барои ҳама
Ҳадафи 9. Эҷоди инфрасохтори қавӣ, мусоидат ба таъмини саноатисозии фарогир ва устувор ва татбиқи инноватсияҳо (навовариҳо)
Ҳадафи 10. Коҳиши сатҳи нобаробарӣ дар дохили кишварҳо ва байни онҳо
Ҳадафи 11. Таъмини амният, пойдорӣ ва устувории муҳити зист дар шаҳрҳо бо фарогирии маҳалҳои аҳолинишин
Ҳадафи 12. Таъмини гузариш ба намунаҳои истеъмол ва истеҳсоли бомасъулиятона, оқилонаву сарфакорона
Ҳадафи 13. Бакоргирии тадбирҳои фаврӣ барои мубориза бо тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он
Ҳадафи 14. Ҳифз ва истифодаи оқилонаи системаҳои экологии уқёнусҳо, баҳрҳо ва захираҳои баҳрӣ ба манфиати рушди устувор
Ҳадафи 15. Ҳифз ва барқарорсозии системаҳои экологии хушкӣ ва мусоидат ба истифодаи оқилонаи онҳо, истифодаи оқилонаи ҷангалҳо, мубориза бар зидди биёбоншавӣ, қатъ гардонидан ва боздоштани ҷараёни таназзули замин ва қатъ кардани раванди талафоти гуногунии биологӣ
Ҳадафи 16. Мусоидат ба бунёди ҷомеаҳои сулҳдўст ва кушода ба манфиати рушди устувор, таъмини дастрасӣ ба адолат барои ҳама ва эҷоди ниҳодҳои самаранок, ҳисоботдиҳанда ва бар асоси иштироки васеъ таъсисёфта дар ҳама сатҳҳо
Ҳадафи 17. Тақвияти воситаҳои татбиқ ва фаъолсозии мушорикати (шарикии) ҷаҳонӣ ба манфиати рушди устувор.

Дастрас кардан

Top