Шумо дар ин ҷо

Таҳсилот дар тўли ҳаёт барои ҳама – талаби Ҳадафи 4 –ми Ҳадафҳои рушди устувор ва тақозои асри XXI

Гузориш аз конфронси сеюми илмию амалии «Таҳсилоти калонсолон дар Точикистон дар қаринаи Хадафҳои рушди устувор 2030», ки 2 декабр Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати мехнат, мухочират ва шуғли ахолии ЧТ ва бо дастгирии Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон (Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоххои халқии Олмон) баргузор намуд.Дар кори конфронс фиристодагони сохторҳои давлатӣ, ташкилотхои чамъиятӣ, тадқиқотчиён ва мутахассисони сохаи тахсилоти калонсолон ширкат намуданд.

Тавре ки дар сухани ифтитоҳии худ раиси Ассотсиатсия Раъно Охунова гуфт, мақсади асосии конференсия баррасии вазъи кунунии соҳаи таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон, муҳокимаи мушкилот ва дурнамои рушди ин соҳа, андешидани тадбирҳо, пешниҳоди фикру ақидаҳо оид ба пешрафти ин низом, инчунин паҳн намудани идеяҳои таҳсилоти калонсолон дар доираи амалишавии Ҳадафҳои рушди Устувор 2030, хоса Ҳадафи 4 –ум аст, ки «Таъмини таҳсилоти босифати фарогирандаву одилона ва мусоидат барои имконоти омўзиш дар тўли ҳаёт барои ҳама» унвон гирифтааст.

Мусаллам аст, ки соҳаи таҳсилоти калонсолон ва дар чорчуби он рушди таълими касбии шаҳрвандон аз масъалаҳои афзалиятноки миллӣ маҳсуб меёбад. Бо ин назардошт ҳамаи 12 маърўзаи ба иштирокчиёни конфронс пешниҳоднамудаи мутахассисону олимони соҳа ба ҳадди лозима мавзўъҳои мубрами таҳсилоти калонсолонро дар бар гирифтаву дар партави вазифаҳои Ҳадафи 4-ум –Таҳсилоти босифат – омода гашта буд.

Маърўзаҳои Фарида Мўъминова, номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо номи «Таҳсилоти калонсолон дар чорчўби рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон: чолишҳои ниҳодӣ ва дурнамо», Ҷамшед Ќуддусов, директори Маркази иттилоотию тадқиқотии «Сотсервис» таҳти унвони «Самтҳои рушди сиёсати таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон дар қаринаи дастовардҳои Ҳадафҳои рушди устувор 2030», Саодат Камолова, номзади илми тиб, роҳбари Маркази геронтологии Осиёи Марказӣ дар мавзўи «Таҳсилоти ғайрирасмии одамони пиронсол – роҳ сўи дарозумрии босифат ва фаъол» аз ҷумлаи инҳоянд.

Нурулло Оқилзода, номзади илмҳои педагогӣ, муовини раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ба иштирокчиён оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», ки айни замон дар баррасии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва зарурати таҳияву қабули он муфассал гузориш дод.

Ба суолҳои иштирокчиён дар ин мавзўъ посух гуфта, Нурулло Оқилзода зикр намуд, ки лоиҳаи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» аз 8 боб ва 33 модда иборат буда дар мутобиқат бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Он барои пешрафти соҳаи таҳсилоти калонсолон, ташкили сохтор ва низоми ягонаи он, аз ҷумла амалӣ намудани ҷараёни эътибор, расмикунонии малакаҳое, ки калонсолон дар натиҷаи омўзиши ғайрирасмӣ, ғайриасосӣ ва худомузӣ ба даст меоранд, заминаи ҳуқуқиро пешниҳод менамояд. Ў афзуд, татбиқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ва мавриди амал қарор ёфтани он, баҳри ислоҳоти куллӣ ва рушди соҳа, баланд бардоштани масъулияти субъектони таҳсилоти калонсолон равона гардидааст.

Гуфтанист, мавод вобаста ба омода, таҳия ва баррасии лоиҳаи қонун, ки дар ин раванд Асссотсиатияи таҳсилоти калонсолон низ ширкати бевосита дошт, борҳо дар ҷамъомаду семинарҳои баргузорнамудаи ин иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо ширкати коршиносон, ҳуқуқшиносон, намояндагони Порлумони Тоҷикистон ва сохторҳои дигари давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ муҳокима мегардид.

Мавриди зикр аст, ки қабули ин қонун ҷиҳати иҷрои Вазифаи навбатӣ дар соҳаи рушди устувор барои давраи то соли 2030, имкониятҳои васеъ фароҳам меоварад.

Ҳамин тавр, дар рафти конфронс иштирокчиён бо таҷрибаи кори мутахассисон дар ин бахш ошно шуданд, масъалаҳоро оид ба шароити густариши принсипҳои сиёсати таълим доир ба фароҳам овардани имкониятҳои баробар ҷиҳати дастрасӣ ба таҳсилоти босифат ва рушди тавоноӣ барои ҳама дар тўли ҳаёт баррасӣ намуданд. Инчунин проблемаҳо ва имкониятҳои тавоноиро барои рушди таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон, таъмини дастрасӣ ба таҳсилот дар тўли ҳаёт, рушди заминаи қонунгузорӣ, низоми тайёр кардани мутахассисони сохаи андрагогика, кор карда баромадани роҳҳои нави илмӣ ва пойгоҳи таълимию методиро оид ба таҳсилоти калонсолон мавриди муҳокима қарор доданд. Шумораи нави маҷаллаи «Таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон» (солномаи №6) низ муаррифӣ гардид.
Дар анҷоми ин чамъомади муҳим иштирокчиёни он бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ, вазъ дар бахши таҳсилоти калонсолон, масъалаҳои баррасишуда, натиҷаҳои пурсишу посух, пешниҳодҳои ширкаткунандагон ва бо мақсади рушд ва пешрафти ин соҳа дар Точикистон қарор қабул карданд.

Дар кори конфронси сеюми илмию амалӣ дар мавзўи «Тахсилоти калонсолон дар Точикистон дар қаринаи Хадафҳои рушди устувор 2030» сардори раёсати тахсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолони Вазорати мехнат, мухочират ва шуғли ахолии ЧТ Рачабалӣ Гулшанов, рохбари Намояндагии DVV International дар Точикистон Заррина Холиқова иштирок ва суханронӣ намуданд.

Т. Нигорова

Top