Таҳқиқоти арзёбии эҳтиёҷоти таҳсилотии ҷавонони имконияти саломатиашон маҳдуд дар робита бо таҳлили бозори маҳаллии меҳнат. Душанбе, Панҷакент, Рашт

Субҳон Ашӯров, профессор

Мақсади таҳқиқоти аз ҷониби коршиноси Бунёди дастгирии таҳсилот ва омўзиши касбӣ дар Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Субҳон Ашӯров анҷомдодашуда арзёбии эҳтиёҷҳои таҳсилотии гурўҳи мақсаднок дар робита бо таҳлили бозори маҳаллии меҳнат ва соҳаи шуғл дар шаҳрҳои таҷрибавии Душанбе, Панҷакент ва ноҳияи Рашт буд. Он инчунин ҳадафи муайян намудани ихтисосҳоеро дошт, ки ба шавқу завқи гурўҳи мақсаднок мувофиқанд ва кор тибқи онҳо барои ин ҷавонон имконпазир аст. Аз тарафи дигар, талаботи бахши маҳаллии шуғл, инчунин эҷод ва таҳияи тавсияҳо оид ба бартараф намудани монеаҳои мавҷуда дар дастёбӣ ба малакаҳои касбии ҷавонон маъюб ба риштаи таҳқиқ кашида шуд.

Баррасии таҳлилии вазъи кунунӣ ва дурнамои бозорҳои маҳаллии меҳнат дар асоси маълумоти оморӣ, баррасиҳои таҳлилии мавҷуда ва омўзиши барномаҳои рушди ин шаҳру ноҳияҳо, тартиб додани рўйхати ҷавонони синни 15-29 сола бо зикри намудҳои маъюбият, муайян намудану ба рўйхат даровардани шуғлҳои барои ин гурўҳ бештар қобили қабул аз натиҷаҳои ин таҳқиқот буданд.

Бар асоси натиҷаи таҳқиқот як қатор тадбирҳо оид ба бартараф намудани мушкилоти муайянгардида ва монеаҳое, ки барои дастёбӣ ба   маълумоти касбӣ ва малакаи касбӣ ба шахсони имконияти саломатиашон маҳдуд халал мерасонанд, пешниҳод шудааст. Асоситарини онҳо таҳия ва амалигардонии тадбирҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон маъюб дар бораи имкониятҳои омӯзиши касбӣ ва малакаи касбӣ дар маҳалҳо аст. Дар таҳқиқот шарҳи сиёсати давлатӣ оиди мусоидат ба шуғли маъюбон, дастгирии саъйи Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент ва ноҳияи Рашт дар таъсис ва / ё рушди инфрасохтор, пойгоҳи моддию техникии таълимӣ ва кадрӣ, ки имкони омўзиши самаранокро бо шароити хуб барои шахсони имконияти саломатиашон маҳдуд муҳайё мекунанд, мавқеи муҳим доранд.

Таҳқиқот дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва таҳсилоти касбии фарогир», ки аз тарафи ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ дар шарикӣ бо Намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳхои халқии Олмон дар Тоҷикистон (DVV International) ва бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон татбиқ мегардад, анҷом дода шудааст.

ҲИСОБОТИ МУХТАСАР ОИД БА НАТИҶАҲОИ ТАДҚИҚОТ ДАР БОБИ АРЗЁБИИ МУВОФИҚАТИ ИНШООТ ВА БИНОҲОИ ФИЛИАЛҲОИ МД “МАРКАЗИ ТАЪЛИМИ КАЛОНСОЛОНИ ТОҶИКИСТОН” БАРОИ НАФАРОНИ ДОРОИ МАЪЛУЛИЯТ ВА ГУРЎҲҲОИ АҲОЛИИ ДОРОИ МАҲДУДИЯТҲОИ ҲАРАКАТ. Душанбе-2018
ХУЛОСАИ МУХТАСАРИ ТАДҚИҚОТ ОИД БА “АРЗЁБИИ ЭҲТИЁҶОТ БА КАСБОМЎЗИИ ҶАВОНОНИ МАЪЛУЛ ДАР РОБИТА БО ТАҲЛИЛИ БОЗОРИ МАҲАЛЛИИ МЕҲНАТ” (ШАҲРҲОИ ДУШАНБЕ, ПАНҶАКЕНТ ВА НОҲИЯИ РАШТ)

 

Top