Шумо дар ин ҷо

Омўхтан тақозои ҳаёт аст

Солҳои охир дар кишвар масъалаи таҳсилоти калонсолон мавриди баҳсу баррасиҳо ва тадбирандешиҳои зиёде гаштааст. Зеро омўзиш ва бозомўзии ҳамешагии калонсолон, ва умуман бигўем, инсон, тақозои зиндагии имрўзу фардост.

Айни ҳол, барои мо муҳимтар аз ҳама, рушди таълими касбии шаҳрвандон аст, ки аз масъалаи афзалиятноки миллӣ маҳсуб меёбад, зеро омўзиш ва бозомўзии касбӣ яке аз омилҳои муассир дар танзими масъалаи шуғли аҳолист. Натиҷаи таваҷҷуҳи зарурӣ ба ин бахш аст, ки танҳо соли 2016 дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ 105 ҳазору 815 нафар шаҳрванд ба касбомўзӣ фаро гирифта шуданд.

Тобистон ман бо мақсади ошноӣ бо фаъолияти КВД «Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд» ба ин ҳунаргоҳ омадам. Огоҳ шудам, ки он рўзҳо дар курсҳои кўтоҳмуддати ин ҷо ба шаҳрвандони аз 15 то 52 – сола, аз ҷумла мактабиёни синфҳои болоӣ аз рўи 23 намуди ихтисос касбҳои коргарӣ меомўзондаанд. Инҳо, бояд таъкид кард, ихтисосҳое, ки дар бозори меҳнат талабот доранд. Дар марказ малакаву маҳорати соҳибкасбонеро, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касби азхудкардаашонро надоранд, санҷида, барои такмили ихтисосашон ва гирифтани шаҳодатномаи намунаи давлатӣ ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ (шаҳодатномакунонии малакаи касбӣ) ёрӣ мерасонанд.

Бояд гуфт, дар омўзиши касбиву таҳсилоти шаҳрвандии калонсолон ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар, аз ҷумла онҳое, ки дар вилояти Суғд фаъолият доранд, низ саҳми назаррас мегузоранд. «Барномаҳои мо асосан барои тавоноии бонувон амал мекунанд, – мегўяд роҳбари ТҶ «Насли нав» Мухбира Тюряева. –Дар тўли чанд соли охир курсҳои кўтоҳмуддати таълимии моро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 3000 нафар занону духтарон хатм карданд. Дар доираи лоиҳаҳое, ки амалӣ мегардонем, ҳамчунин солона ба ҳисоби миёна 450 нафар занону духтарони деҳот курсҳои гуногуни ҳунаромўзиро хатм карда бо коре машғул мешаванд, асосҳои соҳибкориро меомўзанд».

Солҳои охир ТҶ «Саодат» бо роҳбарии Манзура Султонова дар вилояти Суғд ва минтақаҳои дигари кишвар маъракаи васеи таълимиро оид ба омўзиши усулҳои кишоварзии органикӣ дар байни роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил кардааст, дар доираи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ дар мавзўъҳои марбут ба ташкили кори хоҷагиҳо барои деҳқонон тренингҳо гузаронидааст. Пайваста дар мавзўи решакан намудани хушунат дар ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқи занону кўдакон омўзишҳову семинарҳо доир мекунад.

Ин ду созмони ҷамъиятӣ аъзои Иттиҳодияи ҷамъиятии «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон (АТКТ) мебошанд, ки соли 2017 10 – солагии таъсис ёфтани худро таҷлил мекунад. Ассотсиатсия шомили 17 ташкилоти ҷамъиятии пурқувват ва устувор аст, ки дар самтҳои гуногуни таҳсилоти калонсолон тариқи ба онҳо расондани хизматҳои машваратӣ, иттилоотӣ, маърифатӣ ва дигар хизматрасонӣ кор мебаранд.

Мақсади АТКТ фароҳам овардани шароит ва имкониятҳо барои аҳолии калонсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани сатҳи маълумоти худ тавассути таҳсилоти касбӣ, шаҳрвандӣ ва намудҳои дигари таҳсилот дар доираи омўзиши расмӣ, ғайрирасмӣ ва мустақил (озод, информалӣ) бо назардошти талаботи бозори меҳнат ва афзоиши минбаъдаи даромади хонаводаҳо, инчунин рушди ниҳодии ташкилотҳои ҷамъиятӣ – аъзои АТКТ мебошад.

Баргузории конфронсҳо оид ба проблемаи таҳсилоти калонсолон, нашри маҷаллаи (солномаи) «Таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон» ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, баргузории Ҳафтаҳои таҳсилоти калонсолон дар миқёси ҷумҳурӣ, чорабинии анъанавии «Шомҳои Душанбе» бо иштироки намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ин ҷо дар муҳити ғайрирасмӣ баррасӣ намудани проблемаҳои муҳими бахши таҳсилоти калонсолон ва дурнамои рушди он дар манотиқи гуногуни кишвар, аз ҷумлаи фаъолиятҳои Ассотсиатсия мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки дар раванди омода ва таҳия намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», ки алҳол дар баррасии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, АТКТ низ ширкати бевосита дошт.

Бо мақсади паҳн намудани идеяҳои таҳсилоти калонсолон дар доираи амалишавии Ҳадафҳои рушди Устувор 2030, хоса Ҳадафи 4 –ум бо унвони «Таъмини таҳсилоти босифати фарогирандаву одилона ва мусоидат барои имконоти омўзиш дар тўли ҳаёт барои ҳама», АТКТ ба наздикӣ конфронси сеюми илмию амалиро дар мавзўи «Таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон дар қаринаи Ҳадафҳои рушди устувор 2030» баргузор намуд. Ин чорабинии муҳим дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва бо дастгирии Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон (Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон) имконпазир гардид. Дар конфронс вазъи кунунии соҳаи таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон, мушкилот ва дурнамои рушди он баррасӣ гардиданд, оид ба пешрафти ин низом фикру ақидаҳои муҳим пешниҳод шуданд. Мунтазам ва васеъ истифода намудани имкониятҳои ВАО барои пешбурди ғояҳои таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон аз ҷумлаи ин пешниҳодҳост.
Воқеан ҳам имрўз васоити ахбори омма асосан бо расонидани иттилое дар бораи чорабиниҳои дар соҳаи таҳсилоти калонсолон баргузоршуда иктифо мекунанд. Вазъи таҳсилоти калонсолон, аз таҳсилоти касбӣ сар карда то намудҳои дигари он (масалан, таҳсилоти фарогир – иклюзивӣ, ғайрирасмӣ, мустақил ва ғ.), фикр мекунам, ҳар яке бояд дар алоҳидагӣ дар ВАО пайваста мавриди таҳлил, баҳсу баррасӣ қарор гиранд. Зеро тарғиби идеяи таҳсилоти калонсолон, мусоидат ба дастрасии баробар доштани ҳамаи мардум ба таҳсилоти гуногуни босифат дар тўли ҳама умр, вазифаи мо, журналистон, низ аст.

Зарур аст, ки мо, кормандони васоити ахбори омма, бо ниҳодҳои давлативу ҷамъиятие, ки ташкил ва кори муназзами ҳамаи намуди таҳсилоти калонсолонро бар дўш доранд, ҳамкориро мустаҳкам намуда, бо инъикоси ҳарчи бештари дастовардҳову мушкилоти ин соҳа, дар рушду пешрафти он саҳми баарзиш гузорем.

Талъат Нигорӣ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Мақола бо мусоидати Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон (Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон) омода шудааст.
Рўзномаи «Ҳақиқати Суғд», 12 январи с. 2017

Top