Шумо дар ин ҷо

Мо барои зиндагии беҳтар ва босифати калонсолон фаъолият мекунем

Мусоҳибаи мухбири радиои «Садои Душанбе» Сурайёи Шуҷоат (Мардонова Сурайё Шуҷоатовна) бо раиси раёсати  Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон Раъно Охунова

Номи барнома: «Муошират»

Замони пахш: 14 ноябри соли 2016,

соати 10-10 ба вақти маҳаллӣ.

Такрор: соати 22-10 ба вақти маҳаллӣ.

Муддати пахш: 25 дақиқа

***

Мухбир:

Имрўзҳо  тараққиёти босуръати илму техника ва таҳаввулоти иҷтимоиву иқтисодӣ, талаботи бозори меҳнат дар назди зиндагӣ шартҳои худро гузоштаанд ва яке аз ин шартҳои мутобиқшавии ҷомеа ба таҳаввулоти бавуҷудомада  таҳсилоти инсон дар тўли ҳама умр мебошад. Вобаста ба ин, дар зиндагии ҳар ҷомеа  фароҳамоварии  шароит барои маълумотгириву омўзиши калонсолон аҳамияти калон пайдо мекунад. Аз ин ҷиҳат дар Тоҷикистон – кишваре, ки неруҳои меҳнатии зиёд дорад, масъалаи рушди системаи таҳсилоту омўзиши касбии аҳолии калонсол, ба бузургсолон  расонидани хизматҳои омўзишӣ аз масъалаҳои муҳим маҳсуб мешавад.  

Давлат ва ҷомеа аҳамияти муҳими рушди таҳсилоти калонсолонро дар коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон эътироф кардаанд. Ташкилотҳову иттиҳодияҳои  ҷамъиятие, ки ҳамаи фаъолият ё қисме аз онро барои баланд бардоштани маълумоти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳамаи табақаҳои аҳолӣ равона кардаанд, тавассути иштироки фаъолона дар рушди ин раванд нақши муассир доранд.

Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон, ки бо иқдоми роҳбарони якчанд ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар  ташкил шуда буду соли 2007 дар Вазорати адлияи ҶТ расман қайд гардид, аз чунин иттиҳодияи ҷамъиятист. Меҳмони студияи радиои «Садои Душанбе» раиси Раёсати ин Ассотсиатсия  Раъно Охунова мебошанд. Ҳамсуҳбати ман ҳамроҳи шарикон ин иттиҳодияро созмон додаанд, яъне аз сароғози кор то имрўз ташкилоти ҷамъиятии Раъно «Зан ва интихобот» узви Ассотсиатсия аст.  Ва як сол аст, ки раисии Раёсати Ассотсиатсияро ба уҳда доранд. Бо Раъно Охунова дар бораи фаъолияти Ассотсиатсия, саҳми ин иттиҳодия дар рушди таҳсилоти калонсолони кишвар суҳбат мекунем.

Раъно, Ассотсиатсия тўли ин солҳо бо мақсади фароҳам овардани шароит ва имкониятҳо барои аҳолии калонсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани сатҳи маълумоти фарҳангӣ, шаҳрвандӣ, касбии худ  фаъолият мекунад. Аз назари Шумо то кадом андоза ба ин максади худ ноил гаштааст?

– Оре, 9 сол аст, ки Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон, ки шомили 17 ташкилоту иттиҳодияи ҷамъиятӣ аст, ҷиҳати густариши идеяи таҳсилот дар тўли ҳама умр, мусоидат барои рушди системаи дастрасу самараноки таҳсилот  дар шаклу усулҳои гуногуни он, аз ҷумла  дар доираи омўзиши расмӣ, ғайрирасмӣ ва мустақил (яъне озод, информалӣ) бо назардошти талаботи бозори меҳнат, фаъолият мебарад. Инчунин тавассути чорабиниҳои гуногуне, ки аъзои Ассотсиатсия, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар алоҳидагӣ ё дар якҷоягӣ бо мусоидати ин иттиҳодияи ҷамъиятӣ ташкил мекунанд, барои ба раванди таҳсилот ҷалб намудани калонсолон новобаста ба синну соли онҳо, ва албатта, мувофиқи шавқу  рағбаташон, саҳм мегузорад.

Ҳар чорабиние, ки мо мегузаронем, пеш аз ҳама мақсади  ҷалби таваҷҷуҳи доираҳои васеи ҷомеаро ба проблемаҳои рушди таҳсилоти калонсолон дорад. Ва албатта, гуфта метавонам, Ассотсиатсия ба мақсади асосии худ, ки саҳм ба рушди шаклу усулҳои гуногуни таҳсилоти калонсолон ба хотири шуғл доштани шаҳрвандон,  коҳиши камбизоатӣ аст, ноил гашта истодааст. Масалан, мо дусол пеш дар Душанбе ва марказҳои вилоятҳои ҷумҳурӣ  дар шарикӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии «Иқтидор» ва бо дастгирии  Намояндагии DVV International (Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳхои халқии Олмон) Ҳафтаи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистонро баргузор намудем. Дар доираи ин чорабинӣ ярмаркаи таълимӣ, якчанд мизи гирд, ки ба мавзўъҳои гуногуни таҳсилоти калонсолон бахшида шуда буданд, гузаронидем. Дар суҳбатҳои мизи гирд намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ, коршиносон, мутахассисон, олимону журналистон, устодону шогирдони донишгоҳҳо иштирок намуда, проблемаҳои муҳими соҳаи таҳсилоти калонсолон ва дурнамои рушди онро дар кишвар, аз ҷумла мусоидат ба рушди муносибатҳои шарикона ва ҳамкории самараноки сохторҳои давлатӣ, корфармоён ва ташкилотҳои ҷамъиятиро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.

– Хабар дорам, ки Ассотсиатсия нишастҳое бо номи  Шомҳои таҳсилоти калонсолон»  ташкил мекунад. Вазифаи онҳо аз чӣ иборат аст?

– Оре, чанд сол аст, ки ин гуна нишастҳо бо номҳои алоҳидаи Шомҳои Душанбе, Хуҷанд, Хатлон, Хоруғ баргузор мегарданд.

Ин як шакли дигари муҳими ттилоърасонӣ ба аҳолӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи доираҳои васеи ҷомеа ба проблемаҳои рушди таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон аст. Он чорабинии васее мебошад,  ки дар шаҳри Душанбе ва марказҳои вилоятҳо бо мақсади паҳн намудани идеяҳои ТК ҳамасола,  дар ҳар се моҳ як маротиба барои дар муҳити  ғайрирасмӣ муҳокима намудани  масъалаҳои муҳими бахши таҳсилоти калонсолон ва дурнамои рушди он дар кишвар доир мегардад. Бояд бигўям, ки самараи хуб медиҳад – барои ҳалли бисёр масъалаҳои вобаста ба мавзўъ дар пойтахт ва дигар манотиқи кишвар ёрӣ мерасонад.

– Дар назди Шумо маҷаллаи «Таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон» – ро мебинам. Ин нашрияи Ассотсиатсия  аст?

– Оре, ин нашрияи мо аст. Шумораи 5. Онро барои шинос шудани Шумо овардам. Ин маҷалла солнома  аст ва ҳамасола охири сол ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ нашр мешавад. Дар он мақолаҳову мусоҳибаҳои олимон, кормандони муассисаҳои давлатӣ, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, агентиҳо, марказҳои таълимӣ, ки бо масъалаи таҳсилот ва  бо кор таъмин намудани калонсолон сари кор доранд, чоп мешаванд. Як минбарест барои рўнамоиву муаррифии мақолаҳову матлабҳои назариявию амалӣ оид ба масъалаҳои мубрами таҳсилоту омўзиши калонсолон, инъикоси фаъолияти Ассотсиатсия дар давоми сол.  Ҳоло шумораи шашуми солнома омода шуда истодааст. Дар нашрия на танҳо матлабҳои олимону мутахассисони Тоҷикистон, балки хориҷа низ чоп мешаванд. Дар шумораи оянда ҳам чопи мақолаҳои мутахассисони Беларус ва Латвия дар назар аст. Ассотсиатсия сомонаи худро низ дорад ва ҳама навигариҳое, ки дар фаъолияти ташкилот рўй медиҳанд, иттилое, ки вобастаи таҳсилоти калонсолон дар дунё аст, дар он ҷо ҷой дода мешаванд.

Дар муддати кори Ассотсиатсия инчунин чанд маводи чопӣ омода кардаем. «Маълумотнома оид ба таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон», буклетҳо аз ин ҷумлаанд. Мақсад аз нашри «Маълумотнома…» бо матолиби иттилоотию таҳлилӣ таъмин намудани мутахассисонест, ки дар бахши таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон кор мекунанд.

– Воқеан, дар бораи Беларус.  Моҳи июли ҳамин сол дар шаҳри Минск – пойтахти Беларус   Фестивали VI – ми таҳсилоти ғайрирасмӣ баргузор гардид. Шумо иштирокчии он будед. Чи таассуроте аз кори фестивал бардоштед, ё бигўем, фестивал барои пешрафти кори иштирокчиёнаш, ки ҳар яке намояндаи ташкилоте буданд, чӣ нақше бозид? Умуман, аз назари Шумо баргузории чунин ҷамъомадҳо дар миқёси байналмилалӣ то кадом андоза самараоваранд?

– Албатта, ҳар як ҷамъомад бо мақсаде баргузор мегардад ва пеш аз ҳама ташкилкунандагони он вақти тарроҳиву омодагардонии чорабиниашон ба он меандешанд, ки меҳмонони даъваткардаашон аз ин тадбир самараи хуб бардоранд. Ва фикр мекунам, дар ин маврид ташкилкунандагони ин ҷамъомад ба ин муваффақ шуданд. Мақсади Фестивали VI – ми таҳсилоти ғайрирасмӣ мусоидат барои амалисозии ҳуқуқ ба таҳсилот дар тўли ҳаёт ва иштироки шаҳрвандӣ буд. Он дар доираи лоиҳаи «Омўхтан барои амал намудан», ки аз ҳисоби Иттиҳоди Аврупо ва DVV International  маблағгузорӣ мешавад, баргузор гардид ва шиори фестивал ҳам ҳамин буд – «Омўхтан барои амал намудан».

Дар фестивал Президенти Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Аврупо Пер Палудан Хансен «Манифест оид ба  омўзиши калонсолон дар асри XXI» – ро  ба иштирокчиён муаррифӣ намуд. Ин ҳуҷҷат, ки шиораш  «Таҳсилот дар тўли ҳаёт» аст дар баргузории ин чорабинӣ ба ҳайси чорчўби асосӣ ё заминаи асосӣ истифода бурда шуд.

Манифест, мехоҳам онро каме шарҳ диҳам,  таъсиси «Аврупои донишомўз» – ро  эълом мекунад. Он барои иттилоотонии фаъолони аврупоӣ, миллӣ ва минтақавӣ оид ба афзалиятҳое, ки таҳсилоти калонсолон дар шароити чолишҳои замон дода метавонад, пешбинӣ шудааст. Инчунин барои паҳн намудани таҷрибаҳои муваффақ, лобигарии таҳсилоти калонсолон дар минтақаҳои худ муфид буданаш мумкин аст. Ин ҳуҷҷат қобилияти дар оянда мусоидат намуданро ба ҳаллу фасли  мушкилоти таҳсилоту омўзиши калонсолон дорост. Манифестро мо ба забони тоҷикӣ тарҷума кардем. Он дар шумораи навбатии солнома чоп мешавад.

Фестивал бори дигар намоиш дод, ки дар пайдоиши қобилиятҳо ва соҳиби тахассусҳои зарурӣ шудан, ҳосил намудани таҷрибаи хуби кор нақши омўзиши ғайрирасмӣ  хеле муҳим аст.  Ин гуна омўзиш қобилияти дигаргунсозии зиндагӣ ва кушоиши имкониятхои навро барои шахсият дорад ва ба ин васила барои пешравии ў мусоидат мекунад.

То ҷое, ки имкон буд, аз таҷрибаи ғании иштирокчиёни фестивал ҳам тавассути ширкат дар кори гурўҳҳо, ҳам тавассути суханрониҳо дар ҷаласаи фестивал, инчунин ба воситаи муоширати шахсӣ хеле баҳравар шудам.

– Лоиҳаҳое ҳам буданд, ки бо шиносо шудан бо амалишавии онҳо,  шумо, масалан, фикри дар шароити Тоҷикистон татбиқ намудани ҳамтои онҳоро кардед?

– Албатта буданд ва хеле зиёд. Масалан, яке аз онҳо, ки барои рушди  таҳсилоти калонсолони мо  қобили қабул асту метавон амалӣ гардонид, ба фикри ман, лоиҳаи дар шаҳри Полтаваи Украина татбиқшаванда бо номи «Тавсеаи муассисаҳои иҷтимоӣ дар ҳамкорӣ  бо мақомоти худидоракунии маҳалҳо» аст.

Умуман, бояд гуфт, ки баргузории чунин фестивалҳо барои рушди сифатан нави бахши таҳсилоти калонсолон муҳим аст. Натиҷаи фестивал ин буд, ки иштирокчиёни он бо таҷрибаҳои муваффақи кишварҳои дигар дар ин самти кор ошно гардиданд, барои дар амал ҷорӣ намудани ташаббусҳои нави худ шарикон пайдо намуданд, муносибатҳои навро ба роҳ монданд, ҳамкориҳои ояндаро ба нақша гирифтанд. Аз ин лиҳоз, ба саволи шумо метавонам посух диҳам, ки оре, баргузории чунин ҷамъомадҳо дар миқёси байналмилалӣ барои иштирокчиёнаш хеле самараноканд.

– Дар самти рушд ва тақвияти неруи аъзои Ассотсиатсия –  созмонҳои ҷамъиятии узви он, солҳои охир чӣ тадбирҳое анҷом дода мешаванд?

– Албатта кор дар ин самт аз мақсадҳои дигари иттиҳодияи ҷамъиятӣ аст. Бояд бигўям, чорабиниҳое, ки Ассотсиатсия ташкил мекунад, аз ҷумла бо мусоидати молиявии шарикон, бо мусоидати Намояндагии DVV International (Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳхои халқии Олмон) дар Тоҷикистон анҷом дода мешаванд. Дар баргузории чорабиниҳои мо вобаста ба  рушд ва  тақвияти неруи аъзои Ассотсиатсия, саҳми ин ташкилот калон аст. Сафарҳои корӣ, аз ҷумла иштироки камина дар фестивали Беларус, сафарҳои дигари кории аъзои ассотсиатсия, аз ҷумла ҳамин сол ба Филлипин,  барои омўхтани таҷрибаи мутахассисони ин кишвар, ба Петербурги Русия ҷиҳати иштирок дар форум оид ба таҳсилоти калонсолон, дар доираи чорабиниҳои вобаста ба фаъолият дар бахши рушд ва тақвияти неру  анҷом ёфтанд. Аъзои Ассотсиатсия иштирокчиёни форумҳои байналмилалӣ оид ба таҳсилоти калонсолон буданд. Ин ба онҳо имкони омўзиши таҷрибаи кишварҳои дигарро дар соҳаи таҳсилоти калонсолон фароҳам овард. Масалан, дар академияи тобистона ва тирамоҳии таҳсилоти калонсолон, ки дар шаҳрҳои Киев ва Бишкек баргузор шуд, иштирок намуданд. Дар Бишкек таҷрибаи  ASPBEA (Ассотсиатсияи таҳсилоти ибтидоӣ ва таҳсилоти калонсолони кишварҳои минтақаҳои Осиё ва Уқёнуси Ором ), ки АТКТ узви он асту ин созмон беш аз 50 соли фаъолияти корӣ дорад, омўхта шуд. Дар кори Ассамблеяи IX Шўрои Байналмилалӣ оид ба таҳсилоти калонсолон, ки дар шаҳри Монреали Канада баргузор гардид, дар кори конференсияе, ки ба мавзўи  «Пешрафти  малакаҳои ҷавонон ва тақвияти неруи ташкилотҳои шарик» бахшида шуда буд, дар Ҳиндустон ва  дар ҷаласаи корӣ барои аъзои иттиҳодияҳо ва ассотсиатсияҳо оид ба табодули таҷриба ва ҳисоботдиҳӣ дар Камбоҷа иштирок  карданд.

Ғайр аз ин, дар мавзўъҳои гуногун барои аъзо семинару тренингҳо баргузор мешаванд. Масалан, аъзои АТКТ дар тренинг оид ба мавзўи андрагогика ширкат намуданд. Ин омўзишро профессори университети Белград Катарина Попович ва тренерҳои Ассотсиатсияи рушди мутаносиби калонсолон ва ҷавонони Узбекистон гузарониданд.

Соли гузашта  дар мавзўи «Рушди заминаи меъёрии ҳуқуқии таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон»  семинар баргузор намудем. Дар он вакилони парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ низ иштирок карданд. Вакили Маҷлиси Намояндагони  Маҷлиси Миллии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода  дар ин семинар мавзўи «Асосҳои ҳуқуқии рушди таҳсилоти калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро рўнамоӣ намуд. Дар мавзўи «Рушди қонунгузории таҳсилоти калонсолон дар қаринаи  таҳсилот дар тўли ҳама умр – таҷрибаи байналмилалӣ» Линардс Дейдулис, мутахассиси байналмилалӣ, корманди Агентии давлатӣ оид ба рушди таҳсилоти Латвия баромад кард.  Ҳамаи ин тадбирҳо албатта барои баланд гаштани савияи донишу таҷриба ва ҷаҳонбинии аъзои ассотсиатсия ёрии калон мерасонанд.

Шумо медонед, ки 25 сентябри соли 2015 дар Ню–Йорк 193 давлат – аъзои Созмони Милали Муттаҳид якдилона Вазифаи навбатиро дар соҳаи рушди устувор барои давраи баъди соли 2015 тасдиқ карданд.

– Бале, он Барномаи ҷаҳонист оид ба барҳам додани камбизоатӣ то соли 2030 ва таъмини ояндаи устувор.

– Барнома аз 17 мақсад иборат аст ва Мақсади 4-уми он «Таъмини таҳсилоти маҷмўӣ (пурра фарогиранда) ва одилонаю босифат,  ҳавасмандгардонӣ  барои имконёбӣ барои  таҳсилот дар тўли ҳаёт барои ҳама»  унвон дорад.

– Оре.

-Мақсади 4 аз 7 вазифа иборат аст, ки бояд давлатҳо то соли 2030 ба иҷро расонанд, аз ҷумла  фароҳам овардани имкон барои  ҳамаи мардону занон  ҷиҳати то соли 2030 дастрасии баробар доштанашон ба таҳсилоти қиматаш муносиб ва босифати касбию техникӣ, олӣ, аз ҷумла таҳсилоти донишгоҳӣ,  ба таври назаррас зиёд намудани шумораи одамони ҷавон ва калонсоли дорои  малакаҳои зарурӣ, аз ҷумла соҳиби маҳорати касбию техникӣ, бо мақсади корёбии онҳо, машғул шуданашон бо кори шоиста ва фаъолияти соҳибкорӣ.

Ин вазифаҳоро Ассотсиатсия калонсолони Тоҷикистон барои фаъолияти имрўзу ояндааш дастури амал қарор дода, нақшаи кории хешро тибқи он таҳия намудааст. Ду ҳафта пеш Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон барои аъзояш, инчунин меҳмонони дигар семинари иттилоотиро дар мавзўи «Татбиқи Мақсади 4-уми  Мақсадҳои рушди  устувори  СММ то соли 2030 дар Тоҷикистон» баргузор кард.

Дар семинар мавзўъҳо доир ба Мақсадҳои рушди устувори СММ то соли 2030, дар бораи сифати таҳсилот,  таҳия ва ба низом даровардани дараҷаҳои тахассусии таҳсилоти касбӣ муаррифӣ гардиданд ва мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар рафти муаррифии мавзўъҳо ва суханронии иштирокчиён зикр гардид, ки таҳсилот ва омўзиш бояд барои ҳама дастрас ва баробар бошад. Оид ба тарғиб ва оммафаҳм намудани Мақсади 4-уми Рушди устувор фикру андешаҳо баён гардиданд. Чунин семинарҳоро ташкилотҳои ҷамъиятии аъзои Ассотсиатсия дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ баргузор намуданд.

-То ҷое иттилоъ дорам, Ассотсиатсия таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон, се-чаҳор сол аст, ки дар таҳияи лоиҳаи Ќонун дар бораи таҳсилоти калонсолон ба  вакилони парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекарданд ва барои қабул шудани он кўшишҳое  доштанд. 

– Оре, чунин буд ва хабари хуш ҳамин аст, ки Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» 27 октябр дар иҷлосияи Маҷлиси Намояндагони  Маҷлиси олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ва барои чонибдорӣ кардан ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуд. Баъди ҷонибдорӣ шудан аз тарафи Маҷлиси миллӣ барои имзо  ба Президенти Чумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад. Ќабули қонун барои рушди таҳсилоти калонсолон имкониятҳои васеъ мекушояд ва Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолон дар татбиқи он ҳиссаи арзандаи худро хоҳад гузошт.

– Рўзномаи кори Ассотсиатсия имрўзҳо аз чӣ иборат аст?

Баргузории як конференсияро дар назар дорем. Дар Конференсия, ки мувофиқи Нақшаи стратегии АТКТ барои солҳои 2015-2017 мегузарад, мавзўи «Зарурат ва дурнамои рушди таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон” – ро дар партави Мақсади 4-уми Вазифаи навбатӣ дар соҳаи Рушди устувор мавриди баррасӣ қарор медиҳем. Айни замон пешниҳодҳои лоиҳавиро оид ба рушд ва паҳн намудани идеяҳои Ассотсиатсия тарҳрезӣ намуда истодаем. Оиди омодасозии лоиҳаи Консепсияи таҳсилоти калонсолон то соли 2030 ва Барномаи рушди таҳсилоти калонсолон то соли 2020 дар доираи Консепсия бо аъзои Ассотсиатсия, мутахассисон машварату маслиҳатҳо карда истодаем. Мувофиқи Нақшаи стратегии АТКТ барои солҳои 2015-2017 Ассотсиатсия дар аввали соли оянда яке аз ҷузъҳои муҳими системаи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон мегардад, ки ҳамроҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар дар ин соҳа боз ҳам фаъолонатар кор хоҳад кард.

-Ташаккур, барои суҳбат. Дар фаъолияти Ассотсиатсия таҳсилоти калонсолониТоҷикистон барои Шумо ва ҳамкорони Шумо муваффақиятҳо орзумандам.

 -Ташаккур

***********

Мусоҳибаро Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон

бо мусоидати Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон

(Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои  халқии Олмон)

омода намудааст.

Top