Шумо дар ин ҷо

Луғати истилоҳот

Андрагогика – соҳаи илм, фанни таълимӣ, ки хусусият, шакл ва усулҳои таҳсилоти калонсолонро муайян мекунад. Маънои «андрос» — «шахси калонсол», «мард» мебошад, «агогейн» — «идора кардан» аст. Мафҳум ва моҳияти андрагогика ҳамчун соҳаи илми педагогӣ мушкилоти таҳсилот, таълим ва тарбияи шахси калонсолро дар бар мегиранд. Андрагогика қисми назариявии омўзиш буда, хусусиятҳои хоси қонунияти азхудкунии дониш ва маҳорати калонсолонро дар рафти донишомўзӣ ва ҳамчунин махсусиятҳои роҳбарии ин фаъолиятро аз тарафи педагоги касбӣ ба риштаи таҳлил мегирад.

Дар даҳсолаҳои охир таваҷҷуҳ ба андрагогика, дар робита ба зиёдшавии талабот ба имконияти бисёркарата ва ҳам муттасил баланд бардоштани ихтисос, азнавтаълимгирӣ ва ё ҳатто дигар кардани касб барои шаҳрвандони коргар ва ҳамчунин ба миён омадани имконият ва талабот ба омўзиш ва бозомўзии калонсолон, афзудааст. Бозомўзии калонсолонро болоравии ниёзи маънавӣ, дарки талабот ба омўзиши алоқадри ҳол, ба навгониҳо чун таркиби тарзи ҳаёти солим низ тақозо дорад. Аз ин рў, барои таҳсилоти на танҳо шаҳрвандони калонсоли коргар, балки барои нафақахўрон низ курсҳо ва ҳатто факултаҳо кушода мешаванд.

Андрагог – мутахассиси дорои маҷмўи дониш, малака ва маҳорати махсус, ки калонсолонро бо назардошти хусусиятҳои хоси таълимӣ ва синнии онҳо меомўзонад.

Валидатсия – эътирофи салоҳияти касбии бадастовардаи таълимгирандаи калонсол дар доираи таҳсилоти ғайрирасмӣ ва ғайриасосӣ, новобаста ба вақт ва ҷойи ба даст овардани онҳо ва аз рўи натиҷаҳо додани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (шаҳодатнома).

“Донишгоҳи синни сеюм” – мақсад дорад, ки сифати ҳаёти шаҳрвандони калонсолро баланд бардорад:

 – ҷалб кардани одамони калонсол ба ҳаёти фаъолонаи ҷамъиятӣ;

– афзун сохтани салоҳиятнокии иҷтимоии насли калонсол;

– мустаҳкамсозии тандурустии одамони куҳансол;

 – пешгирӣ кардани ҷудоӣ ва танҳоии иҷтимоӣ.

Вазифаи “Донишгоҳи синни сеюм” иборат аст аз:

  • ташаккули системаи таҳсилоти одамони калонсол мутобиқи барномаҳои таҳсилотии Донишгоҳи синни сеюм: саводи компютерӣ, саводи ҳуқуқӣ ва молиявӣ, асосҳои ғизохўрии дурусти шахсони аз 60-сола боло, кишваршиносӣ ва саёҳати иҷтимоӣ, забони англисии гуфтугўӣ, машғулияти дўстдошта дар вақти фароғат.
  • васеъ намудани имкониятҳои дастрасии шаҳрвандони калонсол ба намудҳои электронии хизматрасонии давлатӣ аз ҳисоби истифода бурда тавонистани компютер, яъне фоида бурдан аз донишҳои компютерӣ.
  • ҷалб кардани шаҳрвандони калонсол ба фаъолияти ихтиёрӣ дар гурўҳҳои ёрии ҳамдигарӣ ва худёрирасонӣ.
  • таъминоти иттилоотии лоиҳа ва паҳн кардани таҷрибаҳои беҳтарини лоиҳа.

Калонсолӣ – давраи зиндагии инсон, ки баъди ҷавонӣ фаро мерасад ва ҳамчун қоида аз рўи шаш аломати асосӣ тавсиф карда мешавад: синни таърихӣ (хронологӣ); балоғати рўҳию ҷисмонӣ; камолоти иҷтимоӣ; қобилияти фаъолияти пурраи (салоҳияти томи) шаҳрвандию ҳуқуқӣ; соҳибихтиёрии иқтисодӣ; ҷалбшавӣ ба соҳаи меҳнати касбӣ. Аломати охирин мавҷуд будани таҷрибаи меҳнатии пешинаро дар назар дорад ва аз ин рў ҳамчун маҳаки асосиву бунёдии калонсолӣ дида баромада мешавад.

Ибораи «одами калонсол»-ро мутахассисони UNESCO дар соли 1976 ба таври хеле умумӣ чунин таъриф карда буданд: «Калонсол ҳар як шахсест, ки дар ҷомеаи шомили ў, вайро ҳамин тавр эътироф менамоянд». Мо дар ҷомеаамон шахсеро калонсол меномем, ки ба камолоти ҷисмонӣ, рўҳӣ ва иҷтимоӣ расидааст, ба таҷрибаи муайяни ҳаётӣ соҳиб шудааст, худогоҳии ў шакл гирифтааст ва пайваста сатҳи он боло меравад, корҳоеро, ки чун анъана ҷомеа ба зиммаи шахси калонсол гузоштааст, иҷро менамояд ва барои ҳаёти худ ва рафтораш (аз он ҷумла, иқтисодию маънавӣ) масъулиятро пурра ба дўш дорад.

Курс – шакли таҳсилоти иловагӣ, ки тибқи он дар доираи барномаҳои муайянгардида шунавандагон дониш, малака, маҳорат ва салоҳияти касбии муайянро ба даст меоранд.

Муассисаҳои таҳсилоти калонсолон – муассиса ва ташкилоти таълимӣ бо амалу вазифаҳои мушобеҳ, ки барои шахсони мақоми калонсолро доштаи узви ҷомеа пешбинӣ шудаанд. Ба се гурўҳ тақсим мешаванд: а) муассисаи таҳсилоти ҷубронӣ ҳамчун нусхаи муассисаҳои таълимие, ки одатан дар синни хурд ва наврасӣ хатм мекунанд; б) муассисаи махсуси таҳсилоти калонсолон; в) муассисаи намуди омехта, ки барои ҳамаи синн ихтисос дода шудааст.

Муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон – муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ки фаъолияти онҳо ба ташаккули дониш, малака, қобилият, маҳорат ва касбомўзии калонсолон равона гардидаанд.

Намудҳои таҳсилоти калонсолон – таҳсилоти калонсолон аз рўи тарзҳои ташкили таълиму тадрис, усулҳои баҳогузорӣ ва эътирофи натиҷаҳои он, ҳамчунин аз рўи расмиятҳои танзиму шаклгирии ҳуҷҷатӣ ва ҳуқуқии онҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ҷудо намудани чор намуди таҳсилоти калонсолон маъмул аст – расмӣ, нимрасмӣ, ғайрирасмӣ ва мустақил (бидуни ташрифот, озод).

Низоми таҳсилоти муттасил – низоми муассисаҳои таълимии расмӣ, ғайрирасмӣ ва ғайриасосӣ якҷоя бо шаклҳои гуногуни фаъолияти худомўзӣ, ки барои шахсони синну соли гуногун дар тўли ҳаёти онҳо гирифтани таҳсилотро таъмин менамояд.

Омўзиш – қисми асосии раванди таҳсилот мебошад. Истилоҳи умумӣ буда, барои ифодаи фаъолияти мақсадноки омўзгори касбӣ ё шахси дигари салоҳиятдор, ки таҷрибаи иҷтимоӣ-маърифатиро ба дороии омўзандагон табдил медиҳад, истифода мешавад.

Мақсаднок будани омўзиш маънои духўра (духела) дорад: а) иттилои дониш, шаклдиҳии маҳорат ва малакаҳои инсон барои иштироки муваффақона дар намудҳои гуногуни фаъолиятҳои иҷтимоӣ; б) рушди умумии инсон ҳамчун шахсият, ғанигардии дунёи маънавӣ ва иқтидори эҷодии ў.

Омўзиши калонсолон – фаъолияте, ки ба шахсони калонсол барои аз худ намудани таҷрибаи иҷтимоии ҷомеа дар ин ё он соҳаи зиндагӣ мусоидат мекунад. Маъмулан барои иҷрои ин ё он вазифаҳои амалӣ махсусан бо омўзиши таҷрибаи нав, тозаэҷод истифода мегардад, Ба ду намуд тақсим мешавад: а) фаъолияти педагогии муташаккил дар муассисаҳои махсус; б) интиқоли таҷриба дар раванди фаъолияти ҳаёти ҳамарўза (қисми таркибии таҳсилоти бидуни шаклу сохтор ё озод).

Психологияи таҳсилоти калонсолон – соҳаи илми психологӣ буда, фаъолият ва вазъи рўҳии шахси калонсолро ҳамчун субъекти фаъолияти таълим ва пеш аз ҳама динамикаи омўзишро дар давраҳои гуногуни синнӣ вобаста ба махсусиятҳои хотира, диққат, раванди андешаҳо меомўзад.

Салоҳияти касбӣ – қобилияти ба кор бурдани дониш, малака ва маҳорат, амали бомуваффақиятона дар асоси таҷриба ҳангоми ҳалли вазифаҳои умумӣ ё соҳаи муайян.

Сохтори категорияи (ҳайати) таҳсилоти калонсолон – муайян кардани гурўҳи таълимгирандагон, ки ба он ашхоси аломатҳои муайяни фарқкунанда дошта дохил мешаванд; ҳайати чунин гурўҳҳо ва таносуби онҳо. Маҷмўи аломатҳо, ки асоси тақсимоти сохтории ҳайатро ташкил медиҳанд, ба як қатор гурўҳҳои асосӣ тақсимбандӣ мешаванд: а) аломати иҷтимоӣ – коргарон, бекорон, нафақахўрон; б) демографӣ – ҷинс, сол, ҷойи истиқомат; в) ниҳодӣ – таҳсилоти расмӣ ё ғайрирасмӣ; г) мазмуни таҳсилот – умумӣ, тахассусӣ, иҷтимоию иқтисодӣ; д) шаклҳои таҳсилот – фосилавӣ, ғоибона, шабона, рўзона; е) дараҷаи маълумот – ибтидоӣ, миёнаи умумӣ, олӣ, баъдидипломӣ.

Таҳсилот – раванди муттасили таълиму тарбия, ки ба инкишофи маънавӣ, зеҳнӣ, фарҳангӣ, ҷисмонӣ ва салоҳияти касбии шахс равона карда шудааст.

Таҳсилот дар тўли ҳаёт – таҳсил, мукаммал гардонидани донишу ҷаҳонбинӣ, малака, маҳорат ва салоҳияти касбӣ аз ҷониби шахс дар тамоми умр.

Таҳсилоти калонсолон – маҷмӯи равандҳои таҳсилот, ки бо кӯмаки он калонсолон қобилият ва дониши худро инкишоф дода, дараҷаи тахассуси касбӣ ва техникиашонро баланд мебардоранд ё самти навро барои қонеъ гардонидани талаботи худ ва ҷомеа интихоб менамоянд.

Таҳсилоти расмии калонсолон – раванди муттасили таълим, ба даст овардани салоҳияти касбии таълимгирандаи калонсол дар муассисаҳои таълимии аз қайди давлатӣ гузашта.

Таҳсилоти муттасил – дар тӯли ҳаёт гирифтани таҳсилот ва мукаммал гардонидани донишу ҷаҳонбинӣ.

Таҳсилоти фарогир – барои кӯдакон, новобаста ба ҷинс, нажод, забон, миллат, эътиқоди динӣ, иллати ҷисмонӣ ё равонӣ, қобилият, вазъи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ муҳайё кардани шароити мусоид ҷиҳати гирифтани таҳсилот.

Таҳсилоти фосилавӣ – тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофа бе иштироки бевоситаи шахсии омӯзгор ва таълимгирандагон имконпазир мегардонад.

Таҳсилоти расмӣ – барои гирифтан ё тағйир додани сатҳи маълумот ва дараҷаи ихтисос дар муассисаҳои таълимӣ ва идороти таҳсилот мутобиқи барномаҳо ва стандартҳои муайяни таҳсилотию касбомўзӣ равона шудааст. Њамчунин таҳсилоти расмӣ муҳлати таҳсил, меъёрҳои аттестатсияи давлатиро дорад. Таҳсилоти расмӣ бо гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдор дар бораи маълумот тасдиқ карда мешавад.

Таҳсилоти ғайрирасмӣраванди таълимии берун аз муассисаи таълимии таҳсилоти расмӣ ҷараёнгиранда, ки додани ҳуҷҷати намунаи давлатиро дар назар надошта, бо неруи зарурӣ ба шароитҳои гуногуни фазоӣ ва вақт фавран мутобиқ шудан, дархостҳои таълимгирандагони синну соли гуногун, рўоварӣ ба талаботи умумӣ ва шахсии онҳо бо мақсади мутобиқ шудан ба шароитҳои тағйирёбандаи ҳаёт, инчунин худинкишофдиҳии эҷодӣ.

Таҳсилоти ғайриасосӣ – азхудкунии номуташаккил ва хусусияти мақсаднок надоштаи таҷрибаи иҷтимоӣ-фарҳангӣ, ки дар фаъолияти ҳаётии ҳамарўзаи шахс амалӣ мегардад ва аз хусусияти асосии раванди ба таври дидактикӣ (шакл ва усулҳои таълим) ташкилшуда (дар оила, кор, иттиҳодияҳои ғайрирасмӣ ва гурўҳҳои иҷтимоӣ) маҳрум аст.

Таълимгиранда – хонанда, донишҷў, шунаванда, коромўз ва шогирд.

Таълимгирандаи калонсол – шахси болиғи қобили амали аз ҷиҳати ҷисмонӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ инкишофёфта, ки дорои мустақилияти иқтисодӣ буда, ба рафтораш худ эҳсоси масъулият дорад.

Худомўзӣ – ба даст овардани дониш, малака, маҳорат ва салоҳият бо роҳи машғулиятҳои мустақилона бе кумаки омўзгор.

*****

Манобеи истифодашуда:

http://voluntary.ru/dictionary/695/word/tipy-obrazovanija-vzroslyh

http://silgosp.com/books/book-6/chapter-342/

https://ru.wikipedia.org/wiki/Андрагогика

https://ru.wikipedia.org/wiki/Информальное_образование

http://www.elitarium.ru/2007/02/09/andragogika.html

http://otherreferats.allbest.ru/pedagogics/00185778_0.html

http://premiagi.ru/initiative/985#sthash.s9JVVxoG.dpuf

http://premiagi.ru/initiative/985

http://hr-portal.ru/article/osobennosti-obucheniya-vzroslyh

http://www.psyoffice.ru/6-695-uchrezhdenija-obrazovanija-vzroslyh.htm

http://voluntary.ru/dictionary/695/word/tipy-obrazovanija-vzroslyh

http://www.pandia.ru/text/77/302/26979-5.php

http://voluntary.ru/…/695/…/psihologija-obrazovanija-vzroslyh

Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод.532; с.2014, №3, мод.156;

Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” аз 26.07.2014с., № 1125.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» аз 24 феврали соли 2017, №1394.

Top