Лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва таҳсилоти касбии фарогир»

ТҶ «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳхои халқии Олмон  дар Тоҷикистон (DVV International) ва Ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи занони маъюб «Иштирок»  бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон, аз 1 апрели соли 2018  лоиҳаро оиди  пешбурди тағйироти  иҷтимоӣ ва таҳсилоти касбии фарогир амалӣ мегардонад. Муҳлати амалигардонии лоиҳа то сентябри соли 2020 таъйин шудаст.

Ҳадафи лоиҳа саҳмгузорӣ дар рушди иҷтимоӣ, раванди ташаккулёбии сиёсати таҳсилоти касбии фарогир дар Тоҷикистон тавассути пурқувват намудани ташкилотҳои маҳаллии ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҶШ) ва шабакаҳои онҳо, инчунин пешбурди ҳамкории онҳо бо сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба манфиати гурўҳҳои осебпазири ҷомеа мебошад.

Дар рафти пиёдашавии лоиҳа 4 курси пилотии (озмоишии) омўзиши касбӣ бо иштироки ҷавонони имконияти саломатиашон маҳдуд дар филиалҳои МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент ва ноҳияи Рашт ташкил мешаванд. Дар ин курсҳо 75 нафар ҷавони имконияти саломатиаш маҳдуд  омўзиш хоҳад дид. Инчунин омўзиши менеҷерҳо, муаллимон, кормандони МТКТ ва филиалҳои он ҷиҳати кор бо ин гуна ҷавонон ба роҳ монда мешавад.

Таълим чунин мавзўъҳоро дар бар мегирад: принсипҳо, шаклҳо ва усулҳои таҳсилоти фарогир; фаҳмиши муосири маъюбӣ; масъалаҳои ахлоқӣ ва асосҳои терапияи (дармони) рафторӣ;  созгории муҳити омўзиш барои  таълимгирандагоне, ки  маъюбияти ҷисмиву зеҳнӣ, ихтилолоти басириву шунавоӣ доранд; барномаи дастгирии волидон, усулҳои таълим ба воситаи волидон; маслиҳатҳо барои ҷавонони имконияти саломатиашон маҳдуд ва оилаҳои онҳо; ёрӣ дар тартиб додани  нақшаҳои инфиродии таълимӣ.

Вазифаи лоиҳа, аз ҷумла, муайян намудани ниёзҳои омўзишии ин ҷавонон, имкониятҳои таълимӣ ва ҷои кори мавҷудбуда, ҷойҳои эҳтимолӣ барои шуғли ҷавонон мебошад. Дар доираи лоиҳа барои афзун намудани иттилоънокии ҷомеа оиди ҲРУ 4 (таҳсилоти босифати  фарогир бо таваҷҷуҳ ба ҷавонони имконияти саломатившон маҳдуд) мизҳои гирд баргузор мегарданд. Дар ин чорабиниҳо намояндагони мақомоти ҳукумати маҳаллӣ, корфармоён, фаъолони ҷамоатҳои маҳаллӣ ва васоити ахбори оммаи маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои дар назардошташуда иштирок мекунанд.

Таҳия ва паҳн намудани буклетҳои иттилоотӣ, китобчаҳо, омодасозии барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ, чопи мақолаҳо дар ВАО ба нақша гирифта шудаанд.

Аз оғози пиёдашавии лоиҳа бо шарикон – мутахассисони МТКТ дар Душанбе, Рашт, Панҷакент вохўриҳо ба амал омадаанд.

Натиҷаҳои мавриди интизори лоиҳа:

  • Беҳтаргардонии хизматрасонӣ оид ба таҳсилоти босифати касбии фарогир барои ҷавонони маъюб ва ҷалби онҳо ба шуғле, ки даромад меорад;
  • Беҳтаргардонии муҳити миллӣ ва маҳаллӣ барои таҳсилоти касбии фарогир;
  • Тақвияти шабакаи чомеаи шаҳрвандӣ барои истифодаи абзорҳои мустақили мониторинг.
Top