Лоиҳаи «Боло бурдани огаҳии аҳолӣ оиди Мақсади 4 ҲРУ то соли 2030 ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030» дар соҳаи таҳсилот (июн – декабри с. 2018)

Қисми барномаи ASPBAE (Ассотсиатсияи минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва таҳсилоти калонсолон) оид ба дастгирии зарфияти ташкилотҳои маҳаллии ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҶШ) дар Тоҷикистон, ки аз тарафи Хазинаи таҳсилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ (CSEF) маблағгузорӣ мешавад, чорабиниҳои гуногуни вобаста ба боло бурдани огаҳии аҳолӣ оиди Мақсади 4 ҲРУ 2030 ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро то соли 2030 дастгирӣ мекунад.

Ба ин муносибат ASPBAE дар давраи июн – декабри соли 2018 дар ҳамкорӣ бо шарикони маҳаллӣ – иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ – «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон», «Лигаи занони маъюб «Иштирок», «Ассотсиатсияи волидони кўдакони имконоти саломатиашон маҳдуд» (АРДОВ), «Ассотсиатсияи зиёиёни илмиву техникӣ» (АНТИ), «Хазинаи дастгирии таҳсилот ва омўзиши касбӣ» (ФППОО), Хазинаи ҷамъиятии  «Микроинвест» баргузории маъракаҳои иттилоотиро оиди пешбурди Мақсади 4 дар доираи ҲРУ 2030, инчунин Мақсадҳои дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030» зикршуда дар соҳаи таҳсилот дастгирӣ мекунад.

Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон дар соли 2018 ҳамоҳангсозии баргузории чорабиниҳои иттилоотии аъзои гурўҳи ташаббускорро оиди пешбурди ҲРУ 4 дар Тоҷикистон амалӣ мегардонад.

Дар доираи лоиҳа гурўҳи ташаббускор – шаш ташкилоти ҷамъиятии дар боло зикршуда дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ якчанд чорабиниҳои иттилоотӣ  – вохўриҳо, мизҳои гирдро таҳти унвони «Ҳадафҳои рушди устувор – роҳнамои ноилгардӣ ба таҳсилоти босифат ва фарогир» бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, шуъбаҳои маориф, муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ, коллеҷҳо, техникумҳо, аҳли ҷомеа ва волидони кўдакони имконоти саломатиашон маҳдуд баргузор намуданд.

«Хазинаи дастгирии таҳсилот ва омўзиши касбӣ» чунин вохўриро дар ш. Хоруғи ВМКБ гузаронд. Хазинаи ҷамъиятии  «Микроинвест» –  дар ноҳияҳои   Деваштич, Б. Гафуров ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, «Ассотсиатсияи зиёиёни илмиву техникӣ» – дар ш. Конибодом ва ноҳияи Ҷ. Расулови вилояти Суғд, «Ассотсиатсияи волидони кўдакони имконоти саломатиашон маҳдуд» – дар ноҳияҳои Рашт ва Лахш ин гуна чорабиниҳоро барузор намуданд.

 «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Дастгирии ҳуқуқ ба таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон ва амалигардонии вазифаҳои Ҳадафҳои 4 ҲРУ бо намояндагони ҷомеаи ноҳияи А. Рўдакӣ вохўрии иттилоотӣ ташкил кард.

 Фаъолияти лоиҳа барои 7 моҳ бо фарогирии ҳамаи манотиқи Тоҷикистон муайян шудааст.

Ҳадафи лоиҳа – ба мутахассисони соҳаи таҳсилот расонидани иттилоъ дар бораи мақсаду вазифаҳои Ҳадафи 4 ҲРУ 2030 ва санадҳои стратегии Тоҷикистон «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» мебошад.

То охири соли 2018 чорабиниҳои дигари дар доираи лоиҳа ба нақша гирифташуда баргузор мегарданд.

Дар аксҳо:

Силсилаи вохўриҳои иттилоотӣ, мизҳои гирд ва семинарҳое, ки Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ – аъзои гурўҳи ташаббускор баргузор намудаанд.

  1. Чорабиниҳое, ки ТҶ «Хазинаи дастгирии таҳсилот ва омўзиши касбӣ» дар ду марҳила гузаронидааст.
    Вохўрии иттилоотӣ, ш. Хоруғ, ВМКБ. Марҳилаи аввал.

    Миз гирд, ш. Хоруғ, ВМКБ. Марҳилаи дуюм.

 

 

 

  1. Вохўриҳои иттилоотӣ, семинарҳо ва мизҳи гирде, ки Хазинаи ҷамъиятии «Микроинвест» дар ноҳияҳои Деваштич, Б. Ғафуров ва ш. Хуҷанди вилояти Суғд баргузор намудааст.
    Ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд.
    Ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд.
    Кори гурўҳии намояндагони муассисаҳои томактабии н. Б Ғафуров, вилояти Суғд дар семинар.

    Ш. Хуҷанд, вилояти Суғд.                   

            

  1. Чорабиниҳое, ки ТҶ «Ассотсиатсияи зиёиёни илмиву техникӣ»дар ш. Конибодом ва н. Ҷаббор Расулов гузаронидааст.
    ш. Конибодом, вилояти Суғд.
    Рўнамоии корҳои иштирокчиёни семинар дар ш. Конибодом, вилояти Суғд.

    Ноҳияи Ҷ. Расулов, вилояти Суғд.

 

 

  1. Чорабиниҳое, ки «Ассотсиатсияи волидони кўдакони имконоти саломатиашон маҳдуд» дар ноҳияҳои Рашт ва Лахш гузаронидааст.
    Ноҳияи Лахш.

    Ноҳияи Рашт.

 

  1. Чорабиние, ки Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон гузаронидааст.
    Вохўрии иттилоотӣ дар н. А. Рўдакӣ.

    Вохўрии иттилоотӣ дар н. А. Рўдакӣ. Суханронии ҳуқуқшиноси шуъбаи маорифи ноҳия Ф. Абдураҳмонов.

Top