Лоиҳаи «Афзоиш додани иқтидор ва рушди ниҳодии Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон»

Аз моҳи феврали соли 2018 бо дастгирии Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон (Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳхои халқии Олмон) АТКТ лоиҳаи «Афзоиш додани иқтидор ва рушди ниҳодии Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон»-ро пиёда месозад.

Мақсади лоиҳа: Беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолии ҶТ тавассути рушди низоми Таҳсилоти Калонсолон.

Вазифаи лоиҳа аз инҳо иборат аст:

  • тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар сатҳи шарикони асосӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон бо мақсади мусоидат ба ташаккули назари ягона ба масъалаҳои Таҳсилоти Калонсолон (ТК) дар Тоҷикистон;
  • тақвияти иқтидори АТКТ , таҳияи пешниҳодҳои лоиҳавӣ дар самти Таҳсилоти Калонсолон;
  • ба аҳолии ҷумҳурӣ тавассути ВАО фароҳам овардани имконоти дастрасии густарда ба маълумот дар мавриди Таҳсилоти Калонсолон;
  • ҷалби аъзои нави АТКТ ба чорабиниҳои лоиҳа, таъмин бо донишҳову таҷриба дар мавриди пешбурди манфиатҳо ва лобигарии масъалаҳои вобаста ба Таҳсилоти Калонсолон дар Тоҷикистон;
  • ҷалби доираҳои илмӣ ва мутахассисони низоми Таҳсилоти Калонсолон тавассути семинарҳо ва чопи мақолаҳо дар солномаи АТКТ бо мақсади рушди ѓояҳои АТКТ;
  • вусъатдиҳии муносибати ягона ба таҳсилоти калонсолон тавассути силсилаи чорабиниҳои омўзишӣ, паҳн намудани ғояҳои таҳсилоти калонсолон.

Лоиҳа барои калонсолоне, ки кўшиши таҳсил ё идомаи таҳсилро доранд, тарроҳӣ шуда, дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятие, ки фаъолияти худро дар соҳаи Таҳсилоти Калонсолон тавсеа медиҳанд, пиёда мегардад.

Дар доираи лоиҳа дар соли 2018 чунин чорабиниҳо ба назар гирифта шуда буд:

  • баргузории нишастҳои анъанавии Шомҳои Душанбе, ки дар онҳо проблемаҳо ва дурнамои рушди низоми таҳсилоти калонсолон баррасӣ ва муҳокима мешаванд,
  • идомаи татбиқи барномаи Curriculum globALE ҳамроҳи шарикон,
  • гузаронидани тадқиқот таҳти унвони «Таҳияи консепсияи муайянсозии маълумотҳои асосӣ барои бахши таҳсилоти калонсолон».

Имсол ду нишасти Шомҳои Душанбе – «Рушди низоми таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон – мушорикати сохторҳои давлатӣ ва тащкилотҳои ҷамъиятӣ» ва «Рушди принсипҳои таҳсилоти фарогир дар таҳсилоти ибтидоии касбӣ» баргузор гардид.  Аъзои АТКТ, шарикон масъалаҳои марбут ба мушорикати ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро дар рушди таҳсилоти калонсолон, таҳсилоти фарогир дар таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва нақши АТКТ-ро дар рушди низоми таҳсилоти калонсолон, баррасӣ намуданд. Нақши ташкилотҳои ҷамъиятии дигар дар рушди низоми ТК дарТоҷикистон муҳокима гардид.

Тренингҳо оид ба 3 модули барномаи «Curriculum globALE” баргузор шуданд.  Дар онҳо 26 нафар мутахассисе, ки бо муҳассилини калонсол дар муассисаҳои таълимии гуногун фаъолият доранд, иштирок намуданд. Қисми бештари иштирокчиён – тренерҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошанд.

Амалигардонии лоиҳаи «Афзоиш додани иқтидор ва рушди ниҳодии Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» то моҳи декабри соли 2018 идома меёбад.

Top