Шумо дар ин ҷо

Ташкилоти ҷамъиятии «Хуршед»

Ташкилоти ҷумҳуриявии хайриявӣ ва ихтиёрӣ

Дар Вазорати адлияи ҶТ таҳти № № 1708, аз 8 феврали с. 2006 қайд шудааст. 18 декабри 2007 таҳти № 428 аз нав ба қайд гирифта шудааст.

Вазифаи ташкилот ҳимоя ва татбиқи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тиббӣ ва фарҳангии шаҳрвандон, рушди фаъолнокӣ аст.

ТҶ «Хуршед» бар асоси мақоми худ барои фаъолият намудан дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон ҳуқуқ дорад.

Дар шарикӣ бо дигир ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ дар вилояти Хатлон, ВМКБ ва НТБ силсилаи лоиҳахоро амалӣ намудааст.

Муассисони ташкилот мувофиқи Оиннома аъзои Раёсат мебошанд, ки он ҳамзамон мақоми роҳбарӣ хисоб мешавад.

Директори ташкилот – Шамъигул Аминова.

  • ТҶ «Хуршед» иштирокчии фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ аст, шабакаи ҳамкориро бо сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятҳои маҳаллии Тоҷикистон васеъ мегардонад.
  • ТҶ «Хуршед» ба имзои Ёддошт бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил гардид. Инчунин узви шабакаи «Таъмини имконияти рушди устувори ҷамоатҳои маҳаллӣ» дар назди ТҶ «Фидокор» аст.
  • Аз соли 2010 ташкилот узви Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон аст. Инчунин узви клубҳои ЮНЕСКО дар Тоҷикистон мебошад.

Аз замони ташкил шуданаш – соли 2006, лоиҳаҳои зиёдеро татбиқ намудааст, аз ҷумла дар солҳои охир:

Январи с. 2014 – июни с. 2015. Клуби журналистони ҷавон дар Тоҷикистон ташкил шудааст – 4 клуби журналистони ҷавон дар шаҳрҳои Хоруғ,  Кулоб, Ќўрғонтеппа ва Душанбе.

– 110 журналист оид ба он-лайн –журналистика омўзиш диданд.

– 85 журналист дар конкурс иштирок намуд:

– 12 нафари онҳо ба гирифтани мукофотҳо пешбарӣ шуданд, мукофот ва тўҳфаҳо гирифтанд. 3 нафари ғолиб бо дастгирии Барномаи грантии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар рўзномаҳои маҳаллии Полша таҷрибаи кор омўхт.

Январ – Сентябри с. 2016. Лоиҳаи «Занони бо ВИЧ зиндагӣ дошта, ба адолат даъват мекунанд!»

Баҳрабарандагон – беш аз 400 нафар занон аз гурўҳҳои осебпазир, занони ҳомилае, ки ВНМО (вируси норасоии масунияти одам) доранд, дар бораи табобати зиддивирусӣ маълумот гирифтанд. Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон утоқи дастгирии ҳуқуқӣ ва психологии гурўҳи занони осебпазир боз шудааст. Донор – Бунёди «ЕВРАЗИЯ» дар Осиёи Марказӣ.

Апрел – Октябри с. 2016.   Дастгирии мутахассисони ҷавон дар кори онҳо бо одамоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд. Лоиҳа ба волидони шахсоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, оид ба коҳиш ёфтани стигма ва табъиз дар байни ҷавонон таъсир расонд.

Маъракаи иттилоотӣ ва оммавӣ гардонидани таваҷҷуҳи аҳолӣ ба проблемаҳои ВНМО дар байни ҷавонон. Шарикон: IRXS ва ТҶБ «Фидокор».

Феврал – Сентябри с. 2017. «Блогнависони ҷавони Тоҷикистон». Лоиҳаи шарикона бо Бунёди ҳамраъйии Полша ва Бунёди RITA. 17 журналист дар курсҳои омўзишӣ барои блогнависон  блогсозиро омўхтанд.

-25 журналист имкони иштирокро дар озмуни блогнависон дар базаи клубҳои барои журналистони ҷавон ташкилнамуда пайдо карданд.

– 5 нафар пешбарӣ шудаҳо соҳиби компьютерҳо ва планшетҳо гардиданд.

 

Маълумот барои тамос бо ТҶ  «Хуршед» – Ташкилоти ҷумҳуриявии хайриявӣ ва ихтиёрӣ:

Нишонии ҳуқуқӣ: 734003, ш. Душанбе, ноҳияи И. Сомони, кўч. Саҳбо, хонаи 345.

Нишонии воқеӣ: ш. Душанбе, ноҳияи Шохмансур, кўч. Лоҳутӣ хонаи 4\33, утоқи 36.

Телефон ва факси   ташкилот: 992-907-33-00-38,

Сайт; http://ef-ca.tj/khurshed.html 

Саҳифа дар Фейсбук

Директори ташкилот – Аминова Шамъигул. тел:907-33-00-38.

Исҳоқова Муҳаббат –муҳосиб. Нишонии эл – нӣ.: muhabat-19@mail.ru тел; 901074120.

Top