Шумо дар ин ҷо

Ҳадафҳои нави СММ дар соҳаи рушди устувор

25 сентябри соли 2015 дар ҷаласаи 70-уми Маҷмаи умумии СММ Ҳадафҳои рушди устувор ба тасвиб расиданд, ки ҷойгузини  Ҳадафҳои рушди ҳазора  (солҳои 2000–2015 ) шуданд.

Дар байни 17 Ҳадаф чолишҳои кишварҳои кишварҳои тавсеаёфта иборатанд аз: рушди устувор ва шуғл барои ҳама, истеъмоли оқилона,  пешгирии тағйироти иқлимӣ ва баробарӣ дар даромад.

Дар ҷаласаи ситоди Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби намояндагони ҳамаи давлатҳои аъзои созмон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда шуд.

Президентҳо ва сарвазирони кишварҳои гуногуни ҷаҳон омодагии худро ба мусоидат дар бунёди ҷомеаи сулҳдӯст, одилона ки дар он монеаҳои иҷтимоӣ вуҷуд надошта, ҷой барои тарсу зӯроварӣ нест, эълон карданд.

«…Имрўз мо 17 Ҳадафи рушди устувор ва 169 вазифаи ба онҳо марбутро эълон мекунем, ки хислати маҷмўӣ ва ҷудонопазир доранд…

…Бо ҳам ба роҳе, ки ба рушди устувор мебарад, қадам мегузорем ва фаъолияти якҷояи худро  сарфи таъмини рушди ҷаҳонӣ ва ҳамкории дуҷонибаи судманд мекунем, ки метавонад барои ҳама кишварҳо ва ҳама манотиқи ҷаҳон манфиати зиёде биёрад, – гуфта шудааст дар ҳуҷҷате, ки сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо таъйид намуданд.

Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ин рўйдодро таърихӣ номид ва зикр кард, ки вазифаи навбатии нав дар соҳаи рушди устувор ҳамбастагии ҷаҳониро тақозо дорад. Вай изҳор дошт, ки 17 Ҳадафи рушди устувор дунёро ба як ояндаи амнтар, осудаҳолонатар, бештар одилона хоҳанд расонд.

Дар Тоҷикистон се ҳуҷҷати стратегии марбут ба ноилгардӣ ба Хадафҳои рушди устувор қабул карда шудааст. Инҳо «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои давраи то соли 2030» ва  «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 20162020», «Консепсияи таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2023» мебошанд.

Вазифаи Ҳадафи 4-уми ҲРУ таъмини таҳсилоти босифати фарогиру одилона ва мусоидат   барои имконоти  омўзиш дар тўли ҳаёт барои ҳама  мебошад.

Қонуни ҶТ«Дар бораи таҳсилоти калонсолон», ки соли 2017 қабул шудааст, ба рушди таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон ва ноилшавӣ ба вазифаҳои  Ҳадафи 4 ҲРУ мусоидат мекунад.

Маълумоти бештарро дар бораи Ҳадафи 4 ва ҳадафҳои дигари соҳаи Рушди устувор метавонед дар матлабҳои қисмати ҲРУ ва пайванди (линки) зер дарёфт кунед:

http://www.un.org/sustainabledevelopment

Манбаъ: http://www.un.org/ru, www.mmk.tj

Top