Шумо дар ин ҷо
> Хабарҳо

Занони деҳот таҳияи лоиҳаҳои иҷтимоию тиҷоратӣ ва нақшаи молиявию буҷетро омӯхтанд

Дар Маркази таълимии Бонки миллӣ воқеъ дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд чорабинии панҷрӯзаи академияи занҳо барои бонувон аз деҳаҳои Сомониён, Хоҷаи Аъло ва Лаккони шаҳри Исфара баргузор шуд. Тренинг, ки аз 24 май то 28 май идома дошт, мавзӯъҳои “Рушди шахсӣ ва худшиносӣ”, “Маҳорати суханварӣ ва худтаҳлилкунӣ”, “Сарварӣ ва фаъолноки шаҳрвандӣ”, “Шаҳрвандии ҷаҳонӣ ва рушд додани маҳорати тренерӣ”, “Зӯроварӣ ва медиатсия”, “Лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва тиҷоратӣ, нақшаи молиявӣ ва буҷет”-ро дар бар гирифт. 9 нафар иштирокчиёни тренинг дар баробари аз худ кардани мавзӯъҳои болозикр тавассути бозиҳои интерактивӣ донишҳои гирифтаашонро мустаҳкам намуданд.

продолжить чтение…

Аз низоъ то саводнокии расонаӣ

25 – 28 майи соли равон дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон тренинги панҷрӯза барои ҷавонон (мультипликаторон) дар доираи лоиҳаи “Рушди деҳаҳои осоишта” доир гардид. Ҳадаф аз баргузории тренинги мазкур ба 9 нафар ҷавонон аз деҳаҳои наздисарҳадии Лаккон, Сомониён, Хоҷаи Аъло омӯзонидани шинохти низоъ, усулҳои ҳалли он, медиатсия, шаҳрвандии глобалӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ, пешвоӣ ва волонтёрӣ, инчунин саводнокии расонаӣ буд.

Наврасонро дар руҳияи таҳаммулпазирӣ тарбият мекунем

«Тарбияи таҳаммулпазирӣ дар наврасон» ин мавзӯе буд, ки дар доираи чорабинии лоиҳаи “Рушди деҳаҳои осоишта” аз тарафи фаъолзанони омӯзишгузашта барои волидайн ва омӯзгорон дар деҳаҳои Сомониёну Хоҷаи Аъло ва Лаккони шаҳри Исфара баррасӣ гардид.

Қадаме дар омодасозии сафирони сулҳ

Дар деҳаҳои Хоҷаи Аъло, Сомониён ва Лаккони шаҳри Исфара дар доираи лоиҳаи “Рушди деҳаҳои осоишта” чорабиниҳо дар байни ҷавонон дар мавзӯи “Пешвоӣ ва нақши пешво дар ҳалли муноқишаҳо” доир гардид.

Баргузории тренинг барои ҷавонон аз деҳаҳои наздисарҳадӣ

Аз 22 феврал то 26 феврали соли равон дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон тренинги панҷрӯза барои ҷавонон (мультипликаторон) дар доираи лоиҳаи “Рушди деҳаҳои осоишта”  гардид.

продолжить чтение…

Тренинг оид ба медиатсия баргузор шуд

Аз 25 то 29 январи соли равон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд тренинг оид ба медиатсия доир гардид. Ҳадаф аз баргузории он омӯзонидани тренерони маҳаллӣ вобаста ба масъалаҳои медиатсия буда, дар давоми 5 рӯз ширкатдорон паҳлуҳои дахлдори мавзӯъро матраҳ намуданд. продолжить чтение…

Вақте моро риштаҳои зиёди дӯстӣ мепайвандад

Дар деҳаҳои Сомониён, Хоҷаи Аъло ва Лаккони шаҳри Исфара чорабиниҳои “Чойхона-суҳбат” вобаста ба мавзӯи “Моро чӣ муттаҳид месозад?” доир гардид. Дар рафти он гардонандагони чойхона Сабурхон Амонуллоев, Гулзира Умарова ва Муҷиба Ҷавҳарова перомуни чӣ будани таҳаммулпазирӣ, дустиву сулҳ- мақсади мост, ҳамсояи наздик беҳ аз хеши дур маълумот доданд. 

продолжить чтение…

Сулҳ аз мо оғоз мешавад

28 ноябр дар доираи лоиҳаи “Рушди деҳаҳои осоишта” нишасти навбатии Чойхона дисскусия доир шуд, ки дар он намояндагони деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониёни ҷамоати деҳоти шаҳри Исфара иштирок доштанд.  Вазифаи нишаст баррасӣ ва муҳокимаи мавзӯъҳое, ба мисли пешво кист, хусусиятҳои хос ва фарқкунандаи пешво, нақши пешво дар ҳалли ҳолатҳои баҳсӣ ва муноқишаҳо ба ҳисоб рафт.

продолжить чтение…

Top