Мақсади рушди устувор – таҳсилоти босифат

Сеюмин Шоми таҳсилот дар соли 2018, ки 13 октябр дар шаҳри Кўлоб  баргузор гардид, намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва бахши шахрвандиро  ба ҳам овард.  Директори иҷроияи БДТОК (Бунёди дастгирии таҳсилот ва омўзиши касбӣ) Алишер Фаромузов оиди мавзўи “Мақсади рушди устувор – таҳсилоти босифат” дар назди иштирокчиён суханронӣ намуд. продолжить чтение…

Рушди принсипҳои таҳсилоти фарогир дар таҳсилоти ибтидоии касбӣ

«Рушди принсипҳои таҳсилоти фарогир дар таҳсилоти ибтидоии касбӣ» мавзўе буд, ки мавриди баҳсу баррасии иштирокчиёни нишасти «Шомҳои Душанбе» –  мутахассисони соҳаи омўзиши касбӣ, таҳсилоти фарогир, муаллимони МТКТ ва филиалҳои он, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ қарор гирифт.

Ин мавзўъро муаллим (тренер) Парвина Мухторова, мутахассиси соҳаи таҳсилоти фарогир, муаррифӣ намуд.

Раъно Ҷумъаева, директори Маркази фарҳангию маърифатии «Томирис» дар бораи таҷрибаи кор бо кўдакони имконияти саломатиашон маҳдуд дар ВМБК нақл кард. Дар он ҷо волидон тавассути барномаи телефони ҳамроҳ (мобилӣ) шабакае бо истифода аз модулҳои омўзишӣ ба вуҷуд оварданд.

Ҷамшед Қуддусов, директори МИ «Сотсервис» оид ба ин мавзўъ фикри худро баён намуда, аз ҷумла гуфт, ки дар саросари кишвар бояд барои маъюбон литсейҳо кушода шаванд. Ин ба одамони имконияти саломатиашон маҳдуд ёрӣ медиҳад, ки барои соҳиб шудан ба касб дастрасии бештаре дошта бошанд. Мавҷуд будани усулҳои таълим,  биноҳои мутобиқкардашуда, муаллимони омўзишдида зарур аст. Айни замон МТКТ муассисаи кушодатарест барои кор бо маъюбон. Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир барои кўдакони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 амал мекард. Акнун Барномаи миллии рушди таҳсилоти фарогир лозим аст.

Таҳсилоти фарогир барои иҷтимоишавии кўдакон ва наврасони имконияти саломатиашон маҳдуд шароити фаровон медиҳад. Барои инкишофи қобилияту тавоноӣ ва соҳиби малакаву маҳорати касбӣ шудани одамони имконияти саломатиашон маҳдуд дар ҷои зисту зиндагии онҳо, ҳамаи имкониятҳои мавҷударо бояд истифода бурд,-изҳори ақида намуд Дилбар Бақоева, директори иҷроияи АТКТ.

Иштирокчиёни дигар низ дар ин мавзўъ мубодилаи афкор ва пешниҳодҳо намуданд. Зикр гардид, ки таҳсилоти фарогир дар Тоҷикистон рушд мекунад, дар бахши таҳсилоти томактабӣ ва мактабӣ пешравиҳое дида мешаванд. Принсипҳои таҳсилоти фарогир ҳоло дар сатҳи боѓчаҳои бачагона ва мактабҳои пилотӣ (озмоишӣ) татбиқ мешаванд. Зеро татбиқи принсипи таҳсилоти фарогир омодагии тўлониро тақозо дорад, яъне муҳити бемонеаи дастрас, муносибати ботаҳаммули атрофиён, омодагии муаллимон ва волидон зарур аст. Таъмини хизматрасониҳои омўзишию маърифатӣ ва таълими малакаҳои касбӣ муҳим маҳсуб меёбад.

Рушди низоми таҳсилоти калонсолон тавассути ҳамкорӣ ва мушорикати иҷтимоӣ

Дар нишасти навбатии «Шоми Душанбе», ки ба мушорикати сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар рушди низоми таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон, инчунин ба 10–солагии ташкилёбии МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» (МТКТ)  ва ҳамкории бисёрсолаи МТКТ ва ТҶ бахшида шуда буд, мавзўи «Рушди низоми таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон» – мушорикати сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.  Ин мавзўъ аз тарафи ду нафар  иштирокчии нишаст муаррифӣ гардид. продолжить чтение…

Top