Шумо дар ин ҷо
> Лоиҳаҳо

Ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ иқтидори худро барои гузаронидани курсҳо оид ба асосҳои саводноккунии заминавӣ барои шахсони маъюбиятдошта меафзоянд

Ташкилоти ҷамъиятии “Созмони занони маъюб “Иштирок”” дар Тоҷикистон аз 14 то 18 октябри соли 2020 омӯзиши панҷрӯза барои тренерон-намояндагони ташкилотҳои шарикии ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба гузаронидани курсҳои саводноккунии заминавӣ барои шахсони маъюбиятдошта ташкил менамояд. продолжить чтение…

Курсҳои озмоишии фарогири таҳсилоти ибтидоии касбӣ барои ҷавонон ва калонсолон дар ш. Душанбе оғоз меёбанд

Душанбе, 14 Октябри 2019 – Ташкилоти ҷамъиятӣ «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон (МТКТ)» озмоиши курсҳои  кӯтоҳмуддати таҳсилоти ибтидоии касбии фарогирро аз рӯи ихтисоси “Қаннод” оғоз мекунад. продолжить чтение…

Тренинг барои омӯзгорон оид ба усулҳои интерактивии таълими калонсолон дар синфҳои фарогир (инклюзивӣ)

Аз 2 то 7 августи соли равон дар Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон барои такмили ихтисоси мутахассисони Маркази таълими калонсони Тоҷикистон (МТКТ) тренинги шашрӯза баргузор гардид. продолжить чтение…

Маводҳо барои боргирӣ

Таҳлили вазъи таҳсилоти фарогири шахсони маъюб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Маърӯза доир ба натиҷаҳои тадқиқоти базавӣ. Ташкилоти ҷамъиятии Созмони занони маъюб «Иштирок». Апрел-июли 2018

 

Лоиҳаи «Афзоиш додани иқтидор ва рушди ниҳодии Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон»

Аз моҳи феврали соли 2018 бо дастгирии Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон (Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳхои халқии Олмон) АТКТ лоиҳаи «Афзоиш додани иқтидор ва рушди ниҳодии Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон»-ро пиёда месозад.

Мақсади лоиҳа: Беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолии ҶТ тавассути рушди низоми Таҳсилоти Калонсолон.

Вазифаи лоиҳа аз инҳо иборат аст:

  • тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар сатҳи шарикони асосӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон бо мақсади мусоидат ба ташаккули назари ягона ба масъалаҳои Таҳсилоти Калонсолон (ТК) дар Тоҷикистон;
  • тақвияти иқтидори АТКТ , таҳияи пешниҳодҳои лоиҳавӣ дар самти Таҳсилоти Калонсолон;
  • ба аҳолии ҷумҳурӣ тавассути ВАО фароҳам овардани имконоти дастрасии густарда ба маълумот дар мавриди Таҳсилоти Калонсолон;
  • ҷалби аъзои нави АТКТ ба чорабиниҳои лоиҳа, таъмин бо донишҳову таҷриба дар мавриди пешбурди манфиатҳо ва лобигарии масъалаҳои вобаста ба Таҳсилоти Калонсолон дар Тоҷикистон;
  • ҷалби доираҳои илмӣ ва мутахассисони низоми Таҳсилоти Калонсолон тавассути семинарҳо ва чопи мақолаҳо дар солномаи АТКТ бо мақсади рушди ѓояҳои АТКТ;
  • вусъатдиҳии муносибати ягона ба таҳсилоти калонсолон тавассути силсилаи чорабиниҳои омўзишӣ, паҳн намудани ғояҳои таҳсилоти калонсолон.

Лоиҳа барои калонсолоне, ки кўшиши таҳсил ё идомаи таҳсилро доранд, тарроҳӣ шуда, дар шарикӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятие, ки фаъолияти худро дар соҳаи Таҳсилоти Калонсолон тавсеа медиҳанд, пиёда мегардад.

Дар доираи лоиҳа дар соли 2018 чунин чорабиниҳо ба назар гирифта шуда буд:

  • баргузории нишастҳои анъанавии Шомҳои Душанбе, ки дар онҳо проблемаҳо ва дурнамои рушди низоми таҳсилоти калонсолон баррасӣ ва муҳокима мешаванд,
  • идомаи татбиқи барномаи Curriculum globALE ҳамроҳи шарикон,
  • гузаронидани тадқиқот таҳти унвони «Таҳияи консепсияи муайянсозии маълумотҳои асосӣ барои бахши таҳсилоти калонсолон».

Имсол ду нишасти Шомҳои Душанбе – «Рушди низоми таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон – мушорикати сохторҳои давлатӣ ва тащкилотҳои ҷамъиятӣ» ва «Рушди принсипҳои таҳсилоти фарогир дар таҳсилоти ибтидоии касбӣ» баргузор гардид.  Аъзои АТКТ, шарикон масъалаҳои марбут ба мушорикати ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро дар рушди таҳсилоти калонсолон, таҳсилоти фарогир дар таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва нақши АТКТ-ро дар рушди низоми таҳсилоти калонсолон, баррасӣ намуданд. Нақши ташкилотҳои ҷамъиятии дигар дар рушди низоми ТК дарТоҷикистон муҳокима гардид.

Тренингҳо оид ба 3 модули барномаи «Curriculum globALE” баргузор шуданд.  Дар онҳо 26 нафар мутахассисе, ки бо муҳассилини калонсол дар муассисаҳои таълимии гуногун фаъолият доранд, иштирок намуданд. Қисми бештари иштирокчиён – тренерҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошанд.

Амалигардонии лоиҳаи «Афзоиш додани иқтидор ва рушди ниҳодии Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» то моҳи декабри соли 2018 идома меёбад.

Таҳқиқоти арзёбии эҳтиёҷоти таҳсилотии ҷавонони имконияти саломатиашон маҳдуд дар робита бо таҳлили бозори маҳаллии меҳнат. Душанбе, Панҷакент, Рашт

Субҳон Ашӯров, профессор

Мақсади таҳқиқоти аз ҷониби коршиноси Бунёди дастгирии таҳсилот ва омўзиши касбӣ дар Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Субҳон Ашӯров анҷомдодашуда арзёбии эҳтиёҷҳои таҳсилотии гурўҳи мақсаднок дар робита бо таҳлили бозори маҳаллии меҳнат ва соҳаи шуғл дар шаҳрҳои таҷрибавии Душанбе, Панҷакент ва ноҳияи Рашт буд. Он инчунин ҳадафи муайян намудани ихтисосҳоеро дошт, ки ба шавқу завқи гурўҳи мақсаднок мувофиқанд ва кор тибқи онҳо барои ин ҷавонон имконпазир аст. Аз тарафи дигар, талаботи бахши маҳаллии шуғл, инчунин эҷод ва таҳияи тавсияҳо оид ба бартараф намудани монеаҳои мавҷуда дар дастёбӣ ба малакаҳои касбии ҷавонон маъюб ба риштаи таҳқиқ кашида шуд.

Баррасии таҳлилии вазъи кунунӣ ва дурнамои бозорҳои маҳаллии меҳнат дар асоси маълумоти оморӣ, баррасиҳои таҳлилии мавҷуда ва омўзиши барномаҳои рушди ин шаҳру ноҳияҳо, тартиб додани рўйхати ҷавонони синни 15-29 сола бо зикри намудҳои маъюбият, муайян намудану ба рўйхат даровардани шуғлҳои барои ин гурўҳ бештар қобили қабул аз натиҷаҳои ин таҳқиқот буданд.

Бар асоси натиҷаи таҳқиқот як қатор тадбирҳо оид ба бартараф намудани мушкилоти муайянгардида ва монеаҳое, ки барои дастёбӣ ба   маълумоти касбӣ ва малакаи касбӣ ба шахсони имконияти саломатиашон маҳдуд халал мерасонанд, пешниҳод шудааст. Асоситарини онҳо таҳия ва амалигардонии тадбирҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон маъюб дар бораи имкониятҳои омӯзиши касбӣ ва малакаи касбӣ дар маҳалҳо аст. Дар таҳқиқот шарҳи сиёсати давлатӣ оиди мусоидат ба шуғли маъюбон, дастгирии саъйи Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ва филиалҳои он дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент ва ноҳияи Рашт дар таъсис ва / ё рушди инфрасохтор, пойгоҳи моддию техникии таълимӣ ва кадрӣ, ки имкони омўзиши самаранокро бо шароити хуб барои шахсони имконияти саломатиашон маҳдуд муҳайё мекунанд, мавқеи муҳим доранд.

Таҳқиқот дар доираи лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва таҳсилоти касбии фарогир», ки аз тарафи ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ дар шарикӣ бо Намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳхои халқии Олмон дар Тоҷикистон (DVV International) ва бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон татбиқ мегардад, анҷом дода шудааст.

ҲИСОБОТИ МУХТАСАР ОИД БА НАТИҶАҲОИ ТАДҚИҚОТ ДАР БОБИ АРЗЁБИИ МУВОФИҚАТИ ИНШООТ ВА БИНОҲОИ ФИЛИАЛҲОИ МД “МАРКАЗИ ТАЪЛИМИ КАЛОНСОЛОНИ ТОҶИКИСТОН” БАРОИ НАФАРОНИ ДОРОИ МАЪЛУЛИЯТ ВА ГУРЎҲҲОИ АҲОЛИИ ДОРОИ МАҲДУДИЯТҲОИ ҲАРАКАТ. Душанбе-2018
ХУЛОСАИ МУХТАСАРИ ТАДҚИҚОТ ОИД БА “АРЗЁБИИ ЭҲТИЁҶОТ БА КАСБОМЎЗИИ ҶАВОНОНИ МАЪЛУЛ ДАР РОБИТА БО ТАҲЛИЛИ БОЗОРИ МАҲАЛЛИИ МЕҲНАТ” (ШАҲРҲОИ ДУШАНБЕ, ПАНҶАКЕНТ ВА НОҲИЯИ РАШТ)

 

Лоиҳаи «Пешбурди тағйироти иҷтимоӣ ва таҳсилоти касбии фарогир»

ТҶ «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Намояндагии Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳхои халқии Олмон  дар Тоҷикистон (DVV International) ва Ташкилоти ҷамъиятии «Лигаи занони маъюб «Иштирок»  бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати Федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон, аз 1 апрели соли 2018  лоиҳаро оиди  пешбурди тағйироти  иҷтимоӣ ва таҳсилоти касбии фарогир амалӣ мегардонад. Муҳлати амалигардонии лоиҳа то сентябри соли 2020 таъйин шудаст.

Ҳадафи лоиҳа саҳмгузорӣ дар рушди иҷтимоӣ, раванди ташаккулёбии сиёсати таҳсилоти касбии фарогир дар Тоҷикистон тавассути пурқувват намудани ташкилотҳои маҳаллии ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҶШ) ва шабакаҳои онҳо, инчунин пешбурди ҳамкории онҳо бо сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ба манфиати гурўҳҳои осебпазири ҷомеа мебошад.

Дар рафти пиёдашавии лоиҳа 4 курси пилотии (озмоишии) омўзиши касбӣ бо иштироки ҷавонони имконияти саломатиашон маҳдуд дар филиалҳои МД «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент ва ноҳияи Рашт ташкил мешаванд. Дар ин курсҳо 75 нафар ҷавони имконияти саломатиаш маҳдуд  омўзиш хоҳад дид. Инчунин омўзиши менеҷерҳо, муаллимон, кормандони МТКТ ва филиалҳои он ҷиҳати кор бо ин гуна ҷавонон ба роҳ монда мешавад.

Таълим чунин мавзўъҳоро дар бар мегирад: принсипҳо, шаклҳо ва усулҳои таҳсилоти фарогир; фаҳмиши муосири маъюбӣ; масъалаҳои ахлоқӣ ва асосҳои терапияи (дармони) рафторӣ;  созгории муҳити омўзиш барои  таълимгирандагоне, ки  маъюбияти ҷисмиву зеҳнӣ, ихтилолоти басириву шунавоӣ доранд; барномаи дастгирии волидон, усулҳои таълим ба воситаи волидон; маслиҳатҳо барои ҷавонони имконияти саломатиашон маҳдуд ва оилаҳои онҳо; ёрӣ дар тартиб додани  нақшаҳои инфиродии таълимӣ.

Вазифаи лоиҳа, аз ҷумла, муайян намудани ниёзҳои омўзишии ин ҷавонон, имкониятҳои таълимӣ ва ҷои кори мавҷудбуда, ҷойҳои эҳтимолӣ барои шуғли ҷавонон мебошад. Дар доираи лоиҳа барои афзун намудани иттилоънокии ҷомеа оиди ҲРУ 4 (таҳсилоти босифати  фарогир бо таваҷҷуҳ ба ҷавонони имконияти саломатившон маҳдуд) мизҳои гирд баргузор мегарданд. Дар ин чорабиниҳо намояндагони мақомоти ҳукумати маҳаллӣ, корфармоён, фаъолони ҷамоатҳои маҳаллӣ ва васоити ахбори оммаи маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳои дар назардошташуда иштирок мекунанд.

Таҳия ва паҳн намудани буклетҳои иттилоотӣ, китобчаҳо, омодасозии барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ, чопи мақолаҳо дар ВАО ба нақша гирифта шудаанд.

Аз оғози пиёдашавии лоиҳа бо шарикон – мутахассисони МТКТ дар Душанбе, Рашт, Панҷакент вохўриҳо ба амал омадаанд.

Натиҷаҳои мавриди интизори лоиҳа:

  • Беҳтаргардонии хизматрасонӣ оид ба таҳсилоти босифати касбии фарогир барои ҷавонони маъюб ва ҷалби онҳо ба шуғле, ки даромад меорад;
  • Беҳтаргардонии муҳити миллӣ ва маҳаллӣ барои таҳсилоти касбии фарогир;
  • Тақвияти шабакаи чомеаи шаҳрвандӣ барои истифодаи абзорҳои мустақили мониторинг.

Лоиҳаи «Боло бурдани огаҳии аҳолӣ оиди Мақсади 4 ҲРУ то соли 2030 ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030» дар соҳаи таҳсилот (июн – декабри с. 2018)

Қисми барномаи ASPBAE (Ассотсиатсияи минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва таҳсилоти калонсолон) оид ба дастгирии зарфияти ташкилотҳои маҳаллии ҷомеаи шаҳрвандӣ (ТҶШ) дар Тоҷикистон, ки аз тарафи Хазинаи таҳсилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ (CSEF) маблағгузорӣ мешавад, чорабиниҳои гуногуни вобаста ба боло бурдани огаҳии аҳолӣ оиди Мақсади 4 ҲРУ 2030 ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистонро то соли 2030 дастгирӣ мекунад.

Ба ин муносибат ASPBAE дар давраи июн – декабри соли 2018 дар ҳамкорӣ бо шарикони маҳаллӣ – иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ – «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон», «Лигаи занони маъюб «Иштирок», «Ассотсиатсияи волидони кўдакони имконоти саломатиашон маҳдуд» (АРДОВ), «Ассотсиатсияи зиёиёни илмиву техникӣ» (АНТИ), «Хазинаи дастгирии таҳсилот ва омўзиши касбӣ» (ФППОО), Хазинаи ҷамъиятии  «Микроинвест» баргузории маъракаҳои иттилоотиро оиди пешбурди Мақсади 4 дар доираи ҲРУ 2030, инчунин Мақсадҳои дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030» зикршуда дар соҳаи таҳсилот дастгирӣ мекунад.

Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон дар соли 2018 ҳамоҳангсозии баргузории чорабиниҳои иттилоотии аъзои гурўҳи ташаббускорро оиди пешбурди ҲРУ 4 дар Тоҷикистон амалӣ мегардонад.

Дар доираи лоиҳа гурўҳи ташаббускор – шаш ташкилоти ҷамъиятии дар боло зикршуда дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ якчанд чорабиниҳои иттилоотӣ  – вохўриҳо, мизҳои гирдро таҳти унвони «Ҳадафҳои рушди устувор – роҳнамои ноилгардӣ ба таҳсилоти босифат ва фарогир» бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, шуъбаҳои маориф, муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ, коллеҷҳо, техникумҳо, аҳли ҷомеа ва волидони кўдакони имконоти саломатиашон маҳдуд баргузор намуданд.

«Хазинаи дастгирии таҳсилот ва омўзиши касбӣ» чунин вохўриро дар ш. Хоруғи ВМКБ гузаронд. Хазинаи ҷамъиятии  «Микроинвест» –  дар ноҳияҳои   Деваштич, Б. Гафуров ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, «Ассотсиатсияи зиёиёни илмиву техникӣ» – дар ш. Конибодом ва ноҳияи Ҷ. Расулови вилояти Суғд, «Ассотсиатсияи волидони кўдакони имконоти саломатиашон маҳдуд» – дар ноҳияҳои Рашт ва Лахш ин гуна чорабиниҳоро барузор намуданд.

 «Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» дар доираи лоиҳаи «Дастгирии ҳуқуқ ба таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон ва амалигардонии вазифаҳои Ҳадафҳои 4 ҲРУ бо намояндагони ҷомеаи ноҳияи А. Рўдакӣ вохўрии иттилоотӣ ташкил кард.

 Фаъолияти лоиҳа барои 7 моҳ бо фарогирии ҳамаи манотиқи Тоҷикистон муайян шудааст.

Ҳадафи лоиҳа – ба мутахассисони соҳаи таҳсилот расонидани иттилоъ дар бораи мақсаду вазифаҳои Ҳадафи 4 ҲРУ 2030 ва санадҳои стратегии Тоҷикистон «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030» мебошад.

То охири соли 2018 чорабиниҳои дигари дар доираи лоиҳа ба нақша гирифташуда баргузор мегарданд.

Дар аксҳо:

Силсилаи вохўриҳои иттилоотӣ, мизҳои гирд ва семинарҳое, ки Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ – аъзои гурўҳи ташаббускор баргузор намудаанд.

  1. Чорабиниҳое, ки ТҶ «Хазинаи дастгирии таҳсилот ва омўзиши касбӣ» дар ду марҳила гузаронидааст.
    Вохўрии иттилоотӣ, ш. Хоруғ, ВМКБ. Марҳилаи аввал.

    Миз гирд, ш. Хоруғ, ВМКБ. Марҳилаи дуюм.

 

 

 

  1. Вохўриҳои иттилоотӣ, семинарҳо ва мизҳи гирде, ки Хазинаи ҷамъиятии «Микроинвест» дар ноҳияҳои Деваштич, Б. Ғафуров ва ш. Хуҷанди вилояти Суғд баргузор намудааст.
    Ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд.
    Ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд.
    Кори гурўҳии намояндагони муассисаҳои томактабии н. Б Ғафуров, вилояти Суғд дар семинар.

    Ш. Хуҷанд, вилояти Суғд.                   

            

  1. Чорабиниҳое, ки ТҶ «Ассотсиатсияи зиёиёни илмиву техникӣ»дар ш. Конибодом ва н. Ҷаббор Расулов гузаронидааст.
    ш. Конибодом, вилояти Суғд.
    Рўнамоии корҳои иштирокчиёни семинар дар ш. Конибодом, вилояти Суғд.

    Ноҳияи Ҷ. Расулов, вилояти Суғд.

 

 

  1. Чорабиниҳое, ки «Ассотсиатсияи волидони кўдакони имконоти саломатиашон маҳдуд» дар ноҳияҳои Рашт ва Лахш гузаронидааст.
    Ноҳияи Лахш.

    Ноҳияи Рашт.

 

  1. Чорабиние, ки Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон гузаронидааст.
    Вохўрии иттилоотӣ дар н. А. Рўдакӣ.

    Вохўрии иттилоотӣ дар н. А. Рўдакӣ. Суханронии ҳуқуқшиноси шуъбаи маорифи ноҳия Ф. Абдураҳмонов.

Дар бораи ASPBAE

ASPBAE – Ассотсиатсияи минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва таҳсилоти калонсолон – шабакаи минтақавие, ки бештар аз 100 ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсони алоҳидаро, ки дар зиёда аз 30 кишвар кор мекунанд, дар бар мегирад. ASPBAE соли 1964 ташкил шудааст ва дар 4 зерминтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором – Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, Осиёи Шарқӣ, Осиёи Ҷанубӣ-Шарқӣ ва қисмати ҷанубии Уқёнуси Ором фаъолият мебарад.

ASPBAE дар соҳаи пешбурди ҳуқуқ ба таҳсилоти босифати ибтидоӣ, таҳсилоти ҷавонон ва калонсолон ва омўзиши муттасил барои ҳама кор мекунад.Тавассути фаъолияти худ иштироки фаъоли одамон ва ҷомеаҳоро дар идоракунӣ таъмин месозад  ва фарҳанги сулҳу адолатро эҷод мекунад.

Top