Шумо дар ин ҷо
> ҲРУ

Таҳсилот дар тўли ҳаёт барои ҳама – талаби Ҳадафи 4–ми Ҳадафҳои рушди устувор ва тақозои асри XXI

Гузориш аз конфронси сеюми илмию амалии «Таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон дар қаринаи Ҳадафҳои рушди устувор 2030», ки 2 декабр Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва бо дастгирии Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон (Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон) баргузор намуд. продолжить чтение…

Таҳсилоти босифат дар тўли ҳаёт барои ҳама

Инсон ҳамеша ба таҳсилу омўзиш ниёз дорад. Зеро босавод будану соҳиби ихтисосе гаштан, ҳунаре омўхтан восита ва кафили таъмини зиндагии шоистаи ўст. Давлатҳо бояд бо дарки ин зарурати зиндагӣ барои таҳсилу омўзиши шаҳрвандони хурду калонашон шароит фароҳам оваранд, зеро маълум аст, ки донишомўзиву ҳунарандўзӣ, соҳиби ихтисосе будани мардум аз омилҳои муҳими некуаҳволиву  саломатии онҳоянд, яке аз шартҳои осудагиву ободии кишвар ва пешрафти он  мебошанд. продолжить чтение…

Ҳадафҳои нави СММ дар соҳаи рушди устувор

25 сентябри соли 2015 дар ҷаласаи 70-уми Маҷмаи умумии СММ Ҳадафҳои рушди устувор ба тасвиб расиданд, ки ҷойгузини  Ҳадафҳои рушди ҳазора  (солҳои 2000–2015 ) шуданд.

Дар байни 17 Ҳадаф чолишҳои кишварҳои кишварҳои тавсеаёфта иборатанд аз: рушди устувор ва шуғл барои ҳама, истеъмоли оқилона,  пешгирии тағйироти иқлимӣ ва баробарӣ дар даромад.

Дар ҷаласаи ситоди Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк ҳуҷҷати мазкур аз ҷониби намояндагони ҳамаи давлатҳои аъзои созмон, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда шуд.

Президентҳо ва сарвазирони кишварҳои гуногуни ҷаҳон омодагии худро ба мусоидат дар бунёди ҷомеаи сулҳдӯст, одилона ки дар он монеаҳои иҷтимоӣ вуҷуд надошта, ҷой барои тарсу зӯроварӣ нест, эълон карданд.

«…Имрўз мо 17 Ҳадафи рушди устувор ва 169 вазифаи ба онҳо марбутро эълон мекунем, ки хислати маҷмўӣ ва ҷудонопазир доранд…

…Бо ҳам ба роҳе, ки ба рушди устувор мебарад, қадам мегузорем ва фаъолияти якҷояи худро  сарфи таъмини рушди ҷаҳонӣ ва ҳамкории дуҷонибаи судманд мекунем, ки метавонад барои ҳама кишварҳо ва ҳама манотиқи ҷаҳон манфиати зиёде биёрад, – гуфта шудааст дар ҳуҷҷате, ки сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо таъйид намуданд.

Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ин рўйдодро таърихӣ номид ва зикр кард, ки вазифаи навбатии нав дар соҳаи рушди устувор ҳамбастагии ҷаҳониро тақозо дорад. Вай изҳор дошт, ки 17 Ҳадафи рушди устувор дунёро ба як ояндаи амнтар, осудаҳолонатар, бештар одилона хоҳанд расонд.

Дар Тоҷикистон се ҳуҷҷати стратегии марбут ба ноилгардӣ ба Хадафҳои рушди устувор қабул карда шудааст. Инҳо «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои давраи то соли 2030» ва  «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 20162020», «Консепсияи таҳсилоти муттасил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2023» мебошанд.

Вазифаи Ҳадафи 4-уми ҲРУ таъмини таҳсилоти босифати фарогиру одилона ва мусоидат   барои имконоти  омўзиш дар тўли ҳаёт барои ҳама  мебошад.

Қонуни ҶТ«Дар бораи таҳсилоти калонсолон», ки соли 2017 қабул шудааст, ба рушди таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон ва ноилшавӣ ба вазифаҳои  Ҳадафи 4 ҲРУ мусоидат мекунад.

Маълумоти бештарро дар бораи Ҳадафи 4 ва ҳадафҳои дигари соҳаи Рушди устувор метавонед дар матлабҳои қисмати ҲРУ ва пайванди (линки) зер дарёфт кунед:

http://www.un.org/sustainabledevelopment

Манбаъ: http://www.un.org/ru, www.mmk.tj

Идеяи асосӣ – пешбурди самтҳои Ҳадафи 4 ҲРУ

Дар давоми соли 2016 4 чорабинии Шоми таҳсилоти калонсолон бо иштироки бештар аз 100 нафар дар шаҳрҳои Душанбе  (апрели с. 2016), Хуҷанд (июни с. 2016), Хоруғ (августи с. 2016)  ва  Қўрғонтеппа (октябри с. 2016) гузаронида шуд. Дар онҳо шарикон-намояндагони сохторҳои давлатӣ ва бахши шаҳрвандӣ ширкат намуданд. Идеяи асосии шомҳо – пешбурди самтҳои Ҳадафи 4, хусусан бандҳое мебошанд, ки ба таҳсилоти калонсолон тааллуқ доранд.

Мушкилот ва дурнамои рушди ТК дар Тоҷикистон дар қаринаи амалишавии Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 баррасӣ шуданд

2 декабри соли 2016 Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ва бо дастгирии Намояндагии DVV International дар Тоҷикистон (Институти ҳамкории байналмилалии Ассотсиатсияи донишгоҳҳои халқии Олмон)  конфронси сеюми илмию амалиро таҳти унвони «Таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон дар қаринаи Ҳадафҳои  рушди устувор 2030» баргузор намуд. продолжить чтение…

Дар нишасти «Шоми Душанбе» мавзўи «Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030: ҳадафи 4 – (таҳсилот) дар қаринаи Тоҷикистон» мавриди муҳокима қарор гирифт

8 апрели соли 2016 дар доираи амалигардонии лоиҳаи «Афзунгардонии неру ва рушди институтсионалии (ниҳодии) Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолони Тоҷикистон» нишасти навбатии Шоми Душанбе баргузор гардид. Иштироккунандагон мавзўи «Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030: ҳадафи 4 – (таҳсилот) дар қаринаи Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. продолжить чтение…

Top