Ассотсиатсия ташкилоти ҷамъиятии ғaйpитиҷopaтии аъзогӣ мебошад. Ҳадафҳои иҷтимоӣ, хайриявӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва дигар мақсадҳои иҷтимоии қобили таваҷҷуҳро дорад.
Ассотсиатсия мақоми чумҳуриявй дошта, фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунад.
Мақомоти роҳбарикунандаи Ассотсиатсия Маҷлиси умумии аъзои Ассотсиатсия ва Раёсати Ассотсиатсия ба шумор мераванд. Мақомоти иҷроияи Ассотсиатсия Дирексияи иҷроия буда, ба он директори иҷроия роҳбарӣ мекунад.
Мақомоти олии идоракунии Ассотсиатсия Маҷлиси умумии аъзои Ассотсиатсия (намояндаҳои онҳо) ба ҳисоб меравад, ки он ҳуқуқ дорад дилхоҳ масъалаи ба фаъолияти Ассотсиатсия дахлдошта ва дар салоҳияти дигар мақомоти Ассотсиатсия бударо баррасӣ намояд.
Дар байни Маҷлисҳои умумии аъзои Ассотсиатсия роҳбарии умумии фаъолияти онро мақомоти доимоамалкунандаи идоракунии коллегиалӣ – Раёсати Ассотсиатсия, ки ба муҳлати 1 сол интихоб карда мешавад, амалӣ менамояд.
Раёсати Ассотсиатсияро Маҷлиси умумии аъзои Ассотсиатсия интихоб мекунад ва ҳам шумора ва ҳайати шахсии онро муқаррар менамояд.
Дирексияи иҷроияи Ассотсиатсия (Директори иҷроия) иҷрои амалии қарорҳои Маҷлиси умумии аъзои Ассотсиатсия, Раёсати Ассотсиатсияро таъмин менамояд, идоракунии умумӣ ва фаврии фаъолияти Ассотсиатсияро амалӣ месозад, фаъолияти молиявию хоҷагӣ мебарад.
Бо мақсади таъмини қабули қарорҳои самаранок дар соҳаи таҳсилоти калонсолон дар Ассотсиатсияи таҳсилоти калонсолон Шӯрои мушовирон ташкил карда шудааст. Шӯрои мушовирон аз аъзои Раёсати Ассотсиатсия ва мутахассисони даъватшуда иборат аст. Шӯрои мушовирон шомили намояндаҳои мақомоти давлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои расонидани ёрии амалӣ дар таҳияи чорабиниҳои бештар самаранок ҷиҳати рушди таҳсилоти калонсолон буда метавонад.
Аъзои ҳақиқии Ассотсиатсия муассисони ассотсиатсия ба ҳисоб мераванд ва ҳамчунин онҳое, ки баъди бақайдгирии давлатии Ассотсиатсия ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба узвият баъди супурдани аъзоҳаққии узвият ва аъзоҳаққии солона (мутобиқи қоидаҳои қабулшуда) пазируфта шудаанд ва муқаррароти Оинномаи Ассотсиатсияро иҷро менамоянд.
Ассотсиатсия барои дохилшавии аъзои нав кушода аст. Ташкилотҳои нави ба узвият қабулшуда мақоми «аъзои ассотсиатсияшудаи Ассотсиатсия» – ро дар тўли як соли тақвимӣ мегиранд ва дар маҷлиси умумӣ ба узвияти Ассотсиатсия қабул карда мешаванд.
Ҳамчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатие, ки муқаррароти Оинномаро эътироф мекунанд ва имкони саҳм гузоштанро дар амалӣ кардани мақсад ва вазифаҳои Ассотсиатсия доранд, аъзои Ассотсиатсия шуда метавонанд. Аъзои Ассотсиатсия соҳибихтиёрӣ ва ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ будани худро нигоҳ медоранд.
Баромадани узви Ассотсиатсия аз ҳайати он бо роҳи навистани аризаи хаттӣ амалӣ мегардад.
Солҳои 2011, 2013, 2016 Ассотсиатсия конфронсҳои миллии илмию амалиро оид ба масоили таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон баргузор намуд. Дар рафти ин конфронсҳо маърўзаҳо ва гузоришҳо оид ба таҷрибаи ғуншудаи ташкилотҳое, ки дар бахши ТК фаъолият доранд, шунида шуданд, инчунин проблемаҳои ҳалталаби соҳаи таҳсилоти калонсолон баррасӣ гардиданд.
Мавзўи конфронси III илмию амалие, ки моҳи декабри соли 2016 таҳти унвони «Рушди таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон барои дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор 2030» баргузор гардид, таваҷҷуҳи зиёди ҷомеаи илмӣ ва аҳли амали дар соҳаи таҳсилот фаъолияткунандаро ҷалб намуд.
Дар конфронс масоилу проблемаҳои мубрами рушди ҷиҳатҳои гуногуни таҳсилоти калонсолон дар қаринаи ҲРУ 2030 дар Тоҷикистон – намудҳои таҳсилоти касбӣ ва ғайрирасмӣ, таҳсилоти фарогир, рушди андрагогика дар кишвар баррасӣ гардиданд. Лоиҳаи Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ва ғ. рўнамоӣ шуд.
Дар аввали соли 2017 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» қабул гардид. Ќонун аз 7 боб ва 34 модда иборат буда, принсипҳои ташкилотӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии таҳсилоти калонсолонро дар Тоҷикистон, сиёсати кишварро дар ин самт муайян мекунад. Дар қонун мақсад ва вазифаҳои таҳсилоти калонсолон, истилоҳот, принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон возеҳ муайян шудаанд. Таҳсилот дар тўли ҳаёт чун принсипи асосии низоми таҳсилоти калонсолон зикр гардидааст.
Шакли дигари муҳими иттилоърасонӣ ба аҳолӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи доираҳои васеи ҷомеа ба проблемаҳои рушди таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон, дар ҳар се моҳ доир намудани Шомҳои таҳсилоти калонсолон – чорабинии васее мебошад, ки дар шаҳри Душанбе ва марказҳои вилоятҳо бо мақсади паҳн намудани идеяҳои таҳсилоти калонсолон дар тамоми кишвар баргузор мегардад. Дар он ҳам аъзои Ассотсиатсия ва ҳам намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои дар муҳити ғайрирасмӣ муҳокима намудани масъалаҳои муҳими бахши таҳсилоти калонсолон ва дурнамои рушди он дар кишвар иштирок мекунанд.
Таҳсилоти калонсолон дар васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ – радио, телевизион, матбуот низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад.
Маҷаллаи «Таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон» нашр мешавад. Дар он мақолаҳову мусоҳибаҳои олимон, кормандони муассисаҳои давлатӣ, роҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, агентиҳо, марказҳои таълимӣ, ки бо масъалаи таҳсилот ва бо кор таъмин намудани калонсолон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дигар кишварҳо низ сару кор доранд, ба чоп мерасанд.
Аз моҳи январи соли 2011 сомонаи АТКТ фаъол аст. Дар он оид ба фаъолияти АТКТ иттилои асосӣ ҷой дода шудааст.
Аъзои АТКТ иштирокчиёни форумҳои байналмилалӣ оид ба таҳсилоти калонсолон буданд.
Айни ҳол 11 ташкилоти ҷамъиятие, ки барои баланд бардоштани маълумоти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳамаи табақаҳои аҳолӣ фаъолият мебаранд, дар рушди ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузоранд, аъзои Ассотсиатсия мебошанд. Онҳо ин фаъолиятро тавассути мусоидат ба пешравии ташкилотҳои ҷамъиятии устувор ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ тариқи ба онҳо расондани хизматҳои машваратӣ, иттилоотӣ ва дигар хизматрасонии маърифатӣ анҷом медиҳанд.
Иштирокчиёни Ассотсиатсия дар фаъолияти худ ба баланд бардоштани малака ва салоҳиятҳои касбӣ мекўшанд, аз ҷумла аз ҳисоби рушди усулҳои табодули донишҳо ва таҷрибаҳо дар дохили кишвар ва ҳамчунин бо барқарор кардани муносибатҳои шарикӣ бо ташкилотҳои касбии хориҷӣ дар соҳаи таҳсилоти калонсолон.